Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРИ ПЕЧОН

МОРИ ПЕЧОН

mori-pechonМОРИ ПЕЧОН (Boidae), як оилаи хазандаҳои безаҳрро гӯянд, ки ба қатори морҳо мансуб аст. Дарозиаш аз 5 см то 11 м. Мушакҳои танааш хеле пурқувват, гавҳараки чашмаш амудӣ. Аксари М. П; ду шуш дорад. Устухони кос ва пойҳои қафояш чун узви рудиментй (узвҳое, ки дар процесси инкишофи таърихӣ функцияи худро гум кардаанд) боқӣ мондааст. Рангаш гуногун аст. 80 намуди Мори печон, ки ба 2 зероила ва 22 ҷинс тақсим мешавад, асосан дар тропика ва субтропика маскун мебошад. Дар СССР 4 ва аз ҷумла дар Тоҷикистон 1 намуди Мори печон (Егух tataricus) ҳаст. Мори печон дар беша, дашту саҳроҳо, болои дарахтҳо ва дар об зиндагӣ мекунад. Баъзе намуди Мори печон тухмгузор ва баъзеи дигараш тухмзиндазо мебошад. Мори печон ширхӯрҳо, парранда, калтакалос ва дигар ҳайвонҳоро мёхӯрад. Питонҳо (баъзе намудҳои Мори печон, ки дарозиашон то 10 м мешавад) Ҳатто хуки ваҳшӣ ва гавазиро фурӯ бурда метавонанд. Ҳодисаи ба одам ҳуҷум кардани онҳо низ маълум аст. Гӯшту рангани баъзе Мори печон барои хӯрок истифода мешавад; аз пӯсти он пойафзол, чарчинворӣ ва молҳои дигар тайёр мекунанд.

Ад.: Чернов С. А., Фауна Таджикской ССР, т. 18, Пресмыкающиеся, Д., 1959.

С. А. Саидалиев.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …