Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / ТЕННИСИ РӮИ МИЗ

ТЕННИСИ РӮИ МИЗ

ТЕННИСИ РӮИ МИЗ, пинг-понг, як навъ бозии опортии рӯимизист. Охири асри 19 дар Англия ба вуҷуд омада, ибтидои асри 20 дар бисёр мамлакатҳо паҳн шудааст. Тениси руи мизро аввалҳо «пинг-понг» мегуфтянд, баъди таъсиси Федерасияи байналхалқии тениси руи миз (1926) номи ҳозираро гирифт.

tennisi-rui-miz

Тениси руи миз мизи рангаш сабзи сиёҳтоб (274×152 см, баландиаш 76 см, тӯр («163X45,25 см) ,ракеткаҳои гуногунсохт ва тӯпчаи целлулоидӣ ё пластикӣ (диаметраш 37,2—38,2 мм; вазраш 2,4—2*53 г) дорад. Масоҳати майдошчаи бозӣ дар бозиҳои размӣ 6,7  мХ 12—14 м. Мусобиқаи яккасии мардона ва занона, дукасии мардона ва занона, як марду як зан аз ҳар тараф гузаронида мешавад. Дар тениси руи миз тӯпчаро ба тарафи ҳариф мезананд; агар тупча як бор ба миз афтад ва баъди ҷастанаш ба тарафи ҳариф баргардонда мешавад ё тӯпча ба замин афтад, шахси нагардонда бохта ҳисоб мешавад.

Дар Тоҷикистон соли 1953 Федерасияи тениси руи миз ташкил шуд. Бо мақсади ривоҷи тениси руи миз дар республика мактабҳои махсусӣ спортии бачагона ва дар назди коллективҳои фиакултурӣ сексияҳо кушода шудаанд.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …