ТӮББОЗИИ ДАСТӢ, гандбол, бозии спортии командавист, ки иштирокчиёни он тӯбро ба тарафи шарикони худ бо даст ҳаво медиҳанд. Мақсади бозӣ аз масофаи 6 м ба дарвозаи ҳариф задани тӯб аст. Майдони бозӣ 40×20 м, дарвозааш ЗХ 2 м, ҳар команда (мардона ё занона) аз 7 ё 11 кас иборат аст. Бозӣ дар ду қисм (30 дақиқагӣ, барои занон 25 дақиқагӣ) мегузарад.
Тӯббозии дастиро аввалин бор дар Дания (1898) ҷорӣ карданд. Ба Федерасиян байналхалқии Тӯббозии дастӣ (таъсисаш 1946) 80 мамлакат дохил аст, СССР — аз соли 1958. Чемпионати ҷаҳон оид ба Тӯббозии дастӣ дар байни занон аз соли 1930, мардон — аз соли 1938, студентон—аз соли 1968 ва чемпионати СССР аз соли 1957 ин ҷониб мегузарад. Тӯббозии дастӣ аз соли 1972 ба программаи Бозиҳои олимпӣ дохил шудааст. Дар РСС Тоҷикистон, соли 1969 Федерасияи Тӯббозии дастӣ таъсис ёфт. В. Ветков.