Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 31)

Теги: шоир

ШАРАФУДДИНИ ШУФУРВЕҲ

ШАРАФУДДИНИ ШУФУРВЕҲ (с. тав. номаълум — ваф. 1204), шоири форс-тоҷик. Дар ох. а. 12— ибт. а. 13 умр ба cap бурдааст. Дар зодгоҳаш Исфаҳон илмҳои расмии даврро омухта, ба шоири пардохтааст. Маликушуарои дарбори яке аз ҳокимони салҷуқӣ — Атобаки Шергир буд. Шарафуддин Шуфурвеҳ дар анвои гуногуни шеър— қасида, ғазал, рубоӣ …

Муфассал »

ШАРАФУДДИН АЛИИ ЯЗДӢ

ШАРАФУДДИН АЛИИ ЯЗДӢ (с. тав. номаълум — ваф. 1454, деҳаи Тафти Язд), муаррих ва шоири форс-тоҷик. Дар аҳди Темуриён умр ба cap бурда, бештари ҳаёташро дар дарбори Шоҳрух ва писари дуюми ӯ Мирзо Абулфатҳ Иброҳим Султон, ки ҳокими Форс (1415—36) буд, гузаронидааст. Бино ба маълумоти «Таърихи Рашидӣ» ҳокими Ироқи Аҷам …

Муфассал »

ШАНКАРА

shankara

ШАНКАРА (тахм. 788—820), фай-ласуфи диндор ва шоири ҳинд, ислоҳотчии ҳиндуия, Ақидаҳои пешинаи ортодоксалиро, ки нишондоди Ведаҳоро қабул доштанд, ба ҳам омехта, таълимоти адвайта — ведантаро инкишоф дод. Шанкар «Бараҳма-Сутра» («Веданта-Сутра»)-и Бадараява, Упанишадҳо ва «Бдагавадгита»-ро шарҳ додааст.

Муфассал »

ШАМСУДДИНИ ТАБАСӢ

ШАМСУДДИНИ ТАБАСӢ Муҳаммад ибни Абдулкарим (с. тав. номаълум — ваф. 1229, Ҳирот), шоири форс-тоҷик. Аз Хуросон барои таҳсил ба Бухоро омада, минбаъд сокини Самарқанд шуд. Дар охири ҳаёташ қозии ш. Ҳирот буд. Аз Шамсуддини Табасӣ девони ашъоре дар ҳудуди 2 ҳаз. байт (қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, муқатаот ва ғ.) боқист. Шоир …

Муфассал »

ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗӢ

ШАМСУДДИНИ ДАРВОЗӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик. Дар ох. а. 19 ва авв. а. 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. У барои такмили дониш ба Бухоро рафта, пас аз хатми мадрасаи Бухоро ба зодгоҳаш Дарвоз баргаштааст. Бино ба маълумоти Муҳтарам («Тазкират-уш-шуаро») ва Афзалмахдуми Пирмасти («Афзал-ут-таз-кор фи зикр-ип-шуаро вал-ашъор») Шамсуддини …

Муфассал »

ШАМСУДДИН Муҳаммад ибни Носири Сиҷзӣ

ШАМСУДДИН  Муҳаммад ибни Носири Сиҷзӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Асарҳои манзуму мансур (насри маснӯъ) доштааст, ки яке аз онҳо рисолаи тасаввуфии «Маҷмаъ-ул-баҳрайн» мебошад. Ғазалу қасидаҳо ва рубоиҳояш дар тазкираҳо (мас., «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ) омадаанд. Абёти зер аз ӯст: Як саҳар бар дили мо боди сабое бифирист, …

Муфассал »

ШАМСИ ФАХРӢ

ШАМСИ ФАХРӢ (тахалл. номаш Шамсуддин Муҳаммад ибни Фахруддини Исфаҳонӣ; с. тав. ва ваф. номаълум), шоир, адабиётшинос ва луғатнависи форс-тоҷик (а. 14). Зиндагӣ ва фаъолияти адабиаш дар Шероз, Исфаҳон, Луристон ва Қум гузаштааст. Мероси манзуми Шамси Фахрӣ асосан аз қасида ва ашъори лирикӣ иборат мебошад, ки аксаран дар мадди ҳокимоня замонаш …

Муфассал »

ШАМОЛИИ ДЕҲИСТОНӢ

ШАМОЛИИ ДЕҲИСТОНӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар нимаи авв. а. 12 умр ба cap бурдааст. Пас аз касби камол ва сафар ба якчанд шаҳри Хуросон дар ш. Мозандарон сокин шуд ва аз он ҷо ба мамдуҳон қасидаҳо фиристода, таъмини маош мекард. Бо Адиб Собири Тирмизӣ шиносоӣ ва …

Муфассал »

ШАМИМ Хайруллоҳ

ШАМИМ  Хайруллоҳ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а.17). Аз доираи ҳунармандон. Чанде бо касби офтобасозӣ машғул будааст. Сипас дар дарбори Абдулазизхон (ҳукмр. 1645—81) то ба тахт нишастани ҳукмрони дигар хидмат кард. Охири умрашро дар фақирию нодорӣ гуазронидааст. Аз осори Шамим қитъаҳо ва абёти пароканда тавассути тазкираҳо (мас., «Музокир-ул-асҳоб»-и …

Муфассал »

ШАЙДО Муллошайдо

ШАЙДО Муллошайдо (с. тав. номаълум, Фотеҳнур Сикрӣ — ваф. 1670, Кашмир), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар ҷавонӣ хидматгори дарбор буд. Дар охирҳои ҳаёташ аз вазифаҳо даст кашида, дар Кашмир гӯшанишин шуд. Шайдр табъи баланд дошт, сухансанҷ, ҳаҷвгӯи бебок ва ҳозирҷавоб буд. У ба осори баъзе муосиронаш, аз қабили Қудсӣ Ҳоҷӣ Муҳаммадҷони …

Муфассал »