Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАЙДО Муллошайдо

ШАЙДО Муллошайдо

ШАЙДО Муллошайдо (с. тав. номаълум, Фотеҳнур Сикрӣ — ваф. 1670, Кашмир), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар ҷавонӣ хидматгори дарбор буд. Дар охирҳои ҳаёташ аз вазифаҳо даст кашида, дар Кашмир гӯшанишин шуд. Шайдр табъи баланд дошт, сухансанҷ, ҳаҷвгӯи бебок ва ҳозирҷавоб буд. У ба осори баъзе муосиронаш, аз қабили Қудсӣ Ҳоҷӣ Муҳаммадҷони Машҳадӣ ва Калими Кошонӣ эрод гирифта, баъзе хислатҳои шахсӣ ва ҷиҳатҳои сусти эҷодиёти онҳоро танқид кардааст. Тоҳири Насрободӣ дар «Тазкираи Насрободӣ» ва Мирзо Муҳаммадсодиқи Миной дар «Субҳи Содиқ» мероси адабии ӯро аз 50 то 100000 байт гуфтаанд. Лекин аз осори Тоҳири Насрободӣ ҳоло як девон иборат аз ғазалиёт, қасоид, рубоиёт ва «Давлати бедор» ном маснавие, ки назира ба «Махзан-ул-ас-рор»-и Низомии Ганҷавист, пайдост. Нусхаҳои девонаш дар китобхонаҳои СССР маҳфузанд.         В. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …