Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 32)

Теги: шоир

ШАВҚИИ КАТТАҚӮРҒОНӢ Муҳаммадшариф

ШАВҚИИ КАТТАҚӮРҒОНӢ Муҳаммадшариф (1785, Каттақӯрғон—1871, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Таҳсили ибтидоиашро дар зодгоҳаш гузаронида, сипас барои такмили дониш  ба Бухоро омад. Ба илмҳои мантиқ, фиқҳ, тафсир, ҳадис, риёзиёт, ҳандаса, сарфу наҳви арабӣ, бадеъ ва ғ-ро омӯхт. Ба шеъргӯӣ аз овони ҷавонӣ шурӯъ кард. Вай ба хидмати дарбор …

Муфассал »

ШАВҚИИ БУХОРОӢ

ШАВҚИИ БУХОРОӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Дар Бухоро зиндагӣ кардааст. Бино ба маълумоти «Му-заккир-ул-аҳбоб» Шавқии Бухороӣ дар доираи адабии Бухоро мавқеи намоён доштааст. Ӯ ғазал, рубоӣ. муаммо, хусусан мувашшаҳ (зубаҳрайни мустазод) -ро ҳунармандона суруда, дӯстӣ, садоқат, ишқ, табиат, баҳор, мурғони чаман, рӯзгорро васф кардааст ва …

Муфассал »

ШАВКАТИ БУХОРОӢ

ШАВКАТИ БУХОРОӢ (с. тав. номаълум, Бухоро — ваф. байни с-ҳои 1695—99, Исфаҳон), шоири тоҷик. Яке аз намояндагони барҷастаи сабқи ҳиндӣ. Падараш сарроф буд. Баъди таҳсил дар Бухоро пешаи падарро давом дода, ба шоири низ ном баровард. Баъдтар ба Эрон, Ҳиндустон сафар кард. Шавкати Бухороӣ шоири соҳибдевон аст. Асосан шоири ғазалсаро …

Муфассал »

ЧОШНИИ САМАРҚАНДӢ

ЧОШНИИ САМАРҚАНДӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми а. 16 ва ибт. а. 17 зистааст. Ба қавли Мутрибӣ, ки бо ӯ дӯстӣ доштааст, Чошнии Самарқандӣ ҳанӯз дар ҷавонӣ илми қофияро аз худ карда, бо ғазалиёти тозаю дилпазираш дар байни аҳли адаб шӯҳрат ёфта будааст. Ӯро шоири …

Муфассал »

ХУҶАСТАИ САРАХСӢ

ХУҶАСТАИ САРАХСӢ  (с.тавваллуд, вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (а.10). Дар фарҳангҳои қадим, мас., «Луғати фурс» аз осори ӯ байтҳои пароканда оварда шудаанд. Аз абёти боқимондааш бармеояд, ки ӯ ба масъалаҳои панду ахлоқ, меҳнат, тавсифи май ва ғ. таваҷҷӯҳ доштааст; Боз кушой, эй нигор, чашм ба ибрат, То-т мекӯбад фалак ба гунаи …

Муфассал »

ХУҶАНДӢ Бурҳонуддин Абумуҳаммад

ХУҶАНДӢ Бурҳонуддин Абумуҳаммад Иброҳим ибни Ҷалолуддин Аҳмад (1377, Мадина—1447, ҳамон ҷо), шоир ва олими тоҷик. Ба забони арабӣ эҷод кардааст. Аз ӯ девони ашъор, муншаот ва якчанд рисола боқист. Xуҷандӣ ҳамчунин ба «Ҳадиси арбаин»-и Имом Нақавӣ шарҳ навиштааст, ки хеле шӯҳрат дорад. Осори ӯ дар китобхонаҳои Эрон, Туркия ва диг. кишварҳо …

Муфассал »

ХУШГӮ Биндробан Дос

ХУШГЎ Биндробан Дос (с.тав. номаълум, Ҳиндустон-ваф. 1757, ш. Патнаи Биҳор), шоир ва тазкиранависи форсизабони Ҳиндустон. Дар ҷавонӣ дар дарбор хидмат кардааст. Пас аз 40-солагӣ тарки хидмат карда, ба кори эҷодӣ машғул шудааст. Xушгў бо Бедил ва диг. шоирони маъруфи муосираш робитаи дўстӣ ва эҷодӣ доштааст. Дар шеър ба тозагуӣ ва …

Муфассал »

ХУСРАВӢ Муҳаммадбоқир Мирзо

ХУСРАВӢ Муҳаммадбоқир Мирзо, (1849, Кирмоншоҳ—1919, Теҳрон), шоир ва насрнависи эронӣ. Қасоид ва ғазалиёташ дар маҷмўае с. 1926 дар Теҳрон ба чоп расидаанд. Китоое бо номи «Дебои Хусравӣ» дар бораи 220 наф. шоирони араб ва осори онҳо, инчунин рисолае дар илми арўз ба унвони «Таш-реҳ-ул-илал» навиштааст. Романи «Шамс ва Туғро» (1911) аз …

Муфассал »

ХУСРАВОНӢ Абўтоҳир Тайиб ибни Муҳаммад

ХУСРАВОНӢ Абўтоҳир Тайиб ибни Муҳаммад (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 10) Муаллифи «Маҷмаъулфу-саҳо» ўро Хуросони медонад. Ба қавли Авфӣ ў аз «шуарои оли Сомон» аст. Девонаш то ҳол дастрас нагардидааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Аз қитъаҳои дар «Лубоб-ул-албоб» омадааш бармеояд, ки Xусравонӣ бештар ба масъалаҳои панду …

Муфассал »

ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ

amir-xusravi-dehlavi

ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ Яминуддин Абулҳасан Амир (1253, ш. Патёлии соҳили дарёи Ганг — 27. 9. 1325, Деҳлӣ), шоир ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон. Падари ў Сайфуддин Маҳмуд бо оилааш дар арафаи истилои муғул аз ш. Кеш (ҳозира Шаҳрисабз) ба Ҳиндустон фирор кард. Xусрави Деҳлавӣ дар 20-солагӣ таҳсили илмҳои расмии замонашро ба поён …

Муфассал »