Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 34)

Теги: шоир

ХОКӢ

ХОКӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик, Дар охири а. 19- ибт. а. 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Зодгоҳаш деҳаи Кеврони ҳозира райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Xокӣ равшан нест. Аз осори ӯ тақрибан 100 байт ғазал, рубоӣ ва абёти пароканда тавассути баёзҳо (махсусан баёзҳои …

Муфассал »

ХОКСОР Шукруллоҳхони Хофӣ

ХОКСОР Шукруллоҳхони Хофӣ(с. тав. номаълум — ваф. 1697, Майвот, Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Гузаштагонаш аз Хофи Хуросон буда, аз он ҷо ба Шероз, аз Шероз ба Ҳиндустон рафтаанд. Xоксор дар сарзамини Ҳинд таввалуд шуда, ба камол расидааст. Вазифаи фавҷдории шаҳру вилоёти Сарҳинд, Сикандаробод ва Шоҳиҷаҳонободро ба ҷо овардааст. ӯ дӯсту ҳомии …

Муфассал »

ХОИФ Иброҳим -махдум

ХОИФ Иброҳим -махдум (с.таваллуд ва вафот номаълум), шоири то­ҷик. Дар охири а. 18- аввали. а. 19 умр ба cap бурдааст. Дар зодгоҳаш Истаравшан маълумоти ибтидоӣ гириф­та, дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардааст. Баъд ба зодгоҳаш баргашта, дар мадрасаи Кукгунбаз ба тадриси илми сарфу наҳв машғул гардид. Сипас бо фармони амир Насруллоҳ …

Муфассал »

СУҲАЙЛӢ Абдулло Ҷавҳаризода

unknown_person-0

СУҲАЙЛӢ (тахаллус; ном ва фамилия Абдулло Ҷавҳаризода; 6. 10. 1900, Ӯротеппа —11. 7. 1964, Душанбе), шоири советии тоҷик. Писари Зуфархон Ҷавҳарӣ. Аъзои КПСС азсоли            1949. Аз падараш хату савод омӯхтааст. Курси шашмоҳаи муаллимтайёркунии назди Дорулмуаллимини Самарқанд (1924), Институти давлатиипедагогии Душанберо хатм кард. Мухбири махсуси газетаи «Овози тоҷик» (1924—25), котиби масъули …

Муфассал »

Амир Шайхам

unknown_person-11

СУҲАЙЛӢ Низомуддин Аҳмад маъруф ба Амир Шайхам (1444—1502), шоири форс-тоҷик, ходими давлатӣ. Дар Хуросон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз бачагӣ шеър мегуфт. Суҳайлӣ ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуаро») шагирди Шайх Озарӣ буд ва бо тавсияи ӯ «Суҳайлӣ» тахаллус кард. Ба забонҳон ӯзбакӣ ҳам шеър гуфтааст. Дар ҳар ду забон ҳам …

Муфассал »

СУРӮШ Мирзо Муҳаммадалӣ

unknown-person1

СУРӮШ Мирзо Муҳаммадалӣ (1813, Исфаҳон—1868, Теҳрон), шоири эронӣ. Қисмати асосии мероси адабии Сурӯш қасидаву маснавист. Дар ташбиби қасидаҳояш, ки ба сабки шоирони асрҳои 10—11 гуфта шудаанд, табиат хеле ҳунармандона тасвир ёфтааст. Маснавиҳои ӯ «Урдибиҳиштнома», «Соқинома» ва «Илҳомнома» (дар мавзӯоти мазҳабӣ) мебошаид. Сурӯш порчаҳои манзуми «Ҳазору як шаб»-ро барои тарҷумаи форсии …

Муфассал »

СУРУРӢ Муслиҳуддин ибни Мустафо ибни Шаъбон

unknown_person

СУРУРӢ    Муслиҳуддин ибни Мустафо ибни Шаъбон (соли таваллуд номаълум — вафот 1562, Истанбул), шоир ва донишманди турк. Пас аз хатми таҳсили расмӣ муовини қозӣ, мударрис, маъмури тарбият ваомӯзгор буд. Адабиёти форс-тоҷикро дар Туркия тарғиб мекард. Ба забони форсӣ шеър ва асарҳои тадқиқӣ менавишт. Таълифоти муҳимтарини Сурурӣ: «Баҳр-ул-маориф» дар арӯз ва …

Муфассал »

СУРКОВ Алексей Александрович

surkov-a-a

СУРКОВ Алексей Александрович (13. 10. 1899, деҳаи Середнево, ҳозира райони Рыбински вилояти Ярославль —14. 06. 1983, Москва), шоири советии рус, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1969). Аъзои КПСС аз соли 1925. Факултети адабиёти Институти профессураи сурхро тамом кардааст (1934). Иштирокчии Ҷанги гражданӣ (1918—20) ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Асарҳояш аз …

Муфассал »

СУРАТГАР Лутфалӣ

unknown-person1

СУРАТГАР Лутфалӣ (1900, Шероз—1969, Теҳрон), шоир ва адабиётшиносони эронӣ. Таҳсили ибтидоиро дар Шероз ва миёнаро дар Ҳиндустон гирифтааст. Солҳои 20 Суратгар маҷаллаи «Сапедадам»-ро таъсис кард, ки он якчанд сол интишор ёфт. Соли 1927 ба Англия рафта, забон ва адабиёти англисиро омӯхт. Ба Эрон баргашта дар донишкадаи адабиёти Теҳрон муаллими забон …

Муфассал »

СУЛТОНМУҲАММАДИ БАЛХӢ

unknown_person

СУЛТОНМУҲАММАДИ БАЛХӢ (соли таваллуд номаълум— вафот 13. 5. 1573, Балх), олим, шоир ва сайёҳи форс-тоҷик. Падараш шахси босавод, шоир ва муфтии Балхбуд. СултонмуҳаммадиБалхӣ дар ҷавонӣ мадрасаро хатм карда, забонҳои арабию туркӣ ва зимнан илмҳои таърих, география, астронамия ва минералогияро амӯхт. Баъди вафоти падараш муфтии Балх таъин шуд. СултонмуҳаммадиБалхӣ муаллифи Маҷмаъ-ул-тароиб» …

Муфассал »