Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУҲАЙЛӢ Абдулло Ҷавҳаризода

СУҲАЙЛӢ Абдулло Ҷавҳаризода

СУҲАЙЛӢ (тахаллус; ном ва фамилия Абдулло Ҷавҳаризода; 6. 10. 1900, Ӯротеппа —11. 7. 1964, Душанбе), шоири советии тоҷик. Писари Зуфархон Ҷавҳарӣ. Аъзои КПСС азсоли            1949. Аз падараш хату савод омӯхтааст. Курси шашмоҳаи муаллимтайёркунии назди Дорулмуаллимини Самарқанд (1924), Институти давлатиипедагогии Душанберо хатм кард. Мухбири махсуси газетаи «Овози тоҷик» (1924—25), котиби масъули журнали «Ширинкор»            (1925—29), ходими газетаи «Тоҷикистони сурх» (1929—52) ва аз соли 1952 муҳаррири нашриёти давлатии Тоҷикистон буд.

Шеърҳои Суҳайлӣ аз соли 1924 чоп шудаанд. Нахустин маҷм шеърҳояш «Таронаи зафар» (1933). Соли 1935 достони «Камбағал» ва маҷмуаи шеърҳои «Ҳамеша тайёр»-ро ба табъ расонд. Шеъру достонҳои дар васфи озодии занон, мактабу маориф ва сохтмони социалистӣ навиштаи ӯ Дар китобҳои «Фатҳнома» (1936), «Тӯҳфа» (1937), «Гулдаста» (1939), «Гулзор» (1940) гирд оварда шудаанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45) қаҳрамонҳои халқи советӣ мавзӯи аоосии эҷодиёти Суҳайлӣ қарор гирифт (маҷмуаи шеърҳои «Ҳадя бадиловарони Ватан», достони «Қувваи дӯст», ҳар ду 1944). Дар шеъру достонҳои минбаъдаи ӯ меҳнат, дустии халқҳо, сулҳу амният, нашъунамои Тоҷикистон ва мардуми он тараннумшудаанд (маҷмуаҳои «Муъҷизоти халқ», 1945; «Таронаҳои бахтиёрӣ», 1947; «Гудоки зафар», 1949; «Баҳори Ватан», 1951; «Дар кишвари амният», 1955; «Баҳори дӯстӣ». 1956). Дар шеърҳои ҳаҷвии Суҳайлӣ боқимондаҳои ҷамъияти феодалӣ, моҳияти зиддихалқии амалиёти душманоии синфӣ ва маънавиёти пучи онҳо мазаммат шудааст. Бисёр шеърҳои ҳаҷвии ӯ бар зидди фашизми Германия эҷод шудаанд. Ашъори ҳаҷвии Суҳайлӣ дар китобҳоия «Шеърҳои ҳаҷвӣ» (1957), «Оинаи хандаҳо» (1965) ба табъ расидаанд. Шоир барои бачаҳо низ якчанд асарҳои ҷолиби диққат навиштааст (песаи «Пионери содиқ», 1939; маҷмуаҳои «Салом, бачаҳо», 1948; «Насли хушбахт», 1955: достонҳои «Робиаи Чилгазамӯй», 1948; «Гилеми кабуд», 1954; «Қисмати Карим», 1958). Баъзе шеъру достонҳояш дар Душанбе ва Москва ба забони русӣ азчоп баромадаанд («Длиннокосая Робия», Москва, 1959; «Сверкающий цветник», Сталинабад, 1959; «Блеск мысли», Душанбе, 1961). Тарҷумаи «Қиссаи поп ва хизматгори ӯ Ландаҳур»-и А. С. Пушкин, «Тамара»-и М. Ю. Лермонтов, «Деҳқонбачагон»-и Н. Некрасов, масалҳои И. Крылов, шеърҳои Т. Шевченко, К. Чуковский, Н. Тихонов, А. Барто ва дигарон ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Аз соли 1935 узви Иттифоқи Нависандагони СССР. Бо ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Осор:    Гулшани афрӯхта. Сталинобод,1959; Девони Суҳайлӣ, Душанбе, 1986.

А. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …