Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУХАЙЛИ Абдулло Чавхаризода

СУХАЙЛИ Абдулло Чавхаризода

СУХАЙЛИ (тахаллус; ном ва фамилия Абдулло Чавхаризода; 6. 10. 1900, Уротеппа —11. 7. 1964, Душанбе), шоири советии точик. Писари Зуфархон Чавхари. Аъзои КПСС азсоли            1949. Аз падараш хату савод омухтааст. Курси шашмохаи муаллимтайёркунии назди Дорулмуаллимини Самарканд (1924), Институти давлатиипедагогии Душанберо хатм кард. Мухбири махсуси газетаи «Овози точик» (1924—25), котиби масъули журнали «Ширинкор»            (1925—29), ходими газетаи «Точикистони сурх» (1929—52) ва аз соли 1952 мухаррири нашриёти давлатии Точикистон буд.

Шеърхои Сухайли аз соли 1924 чоп шудаанд. Нахустин мачм шеърхояш «Таронаи зафар» (1933). Соли 1935 достони «Камбагал» ва мачмуаи шеърхои «Хамеша тайёр»-ро ба табъ расонд. Шеъру достонхои дар васфи озодии занон, мактабу маориф ва сохтмони социалисти навиштаи у Дар китобхои «Фатхнома» (1936), «Тухфа» (1937), «Гулдаста» (1939), «Гулзор» (1940) гирд оварда шудаанд. Солхои Чанги Бузурги Ватани (1941— 45) кахрамонхои халки совети мавзуи аоосии эчодиёти Сухайли карор гирифт (мачмуаи шеърхои «Хадя бадиловарони Ватан», достони «Кувваи дуст», хар ду 1944). Дар шеъру достонхои минбаъдаи у мехнат, дустии халкхо, сулху амният, нашъунамои Точикистон ва мардуми он тараннумшудаанд (мачмуахои «Муъчизоти халк», 1945; «Таронахои бахтиёри», 1947; «Гудоки зафар», 1949; «Бахори Ватан», 1951; «Дар кишвари амният», 1955; «Бахори дусти». 1956). Дар шеърхои хачвии Сухайли бокимондахои чамъияти феодали, мохияти зиддихалкии амалиёти душманоии синфи ва маънавиёти пучи онхо мазаммат шудааст. Бисёр шеърхои хачвии у бар зидди фашизми Германия эчод шудаанд. Ашъори хачвии Сухайли дар китобхоия «Шеърхои хачви» (1957), «Оинаи хандахо» (1965) ба табъ расидаанд. Шоир барои бачахо низ якчанд асархои чолиби диккат навиштааст (песаи «Пионери содик», 1939; мачмуахои «Салом, бачахо», 1948; «Насли хушбахт», 1955: достонхои «Робиаи Чилгазамуй», 1948; «Гилеми кабуд», 1954; «Кисмати Карим», 1958). Баъзе шеъру достонхояш дар Душанбе ва Москва ба забони руси азчоп баромадаанд («Длиннокосая Робия», Москва, 1959; «Сверкающий цветник», Сталинабад, 1959; «Блеск мысли», Душанбе, 1961). Тарчумаи «Киссаи поп ва хизматгори у Ландахур»-и А. С. Пушкин, «Тамара»-и М. Ю. Лермонтов, «Дехконбачагон»-и Н. Некрасов, масалхои И. Крылов, шеърхои Т. Шевченко, К. Чуковский, Н. Тихонов, А. Барто ва дигарон ба калами у тааллук доранд. Аз соли 1935 узви Иттифоки Нависандагони СССР. Бо ордену медалхо мукофотонида шудааст.

Осор:    Гулшани афрухта. Сталинобод,1959; Девони Сухайли, Душанбе, 1986.

А. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.