Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Петрарка Франческо

Петрарка Франческо

Петрарка (Реtrarса) Франческо (20. 7. 1304, Арессо —19. 7. 1374, Ар­куа, назди Падуя), шоири италияви. Аз оилаи нотариус. Дар Унститутхои Монпеле (1316), Болоня (1320) илми хукукро омухтааст. Петрарка саромади маданияти гуманистии давраи Эхё бошад хам, эчодиёташ аз таъсири майлу равияхо, принсипхои ахлокии асримиёнаги ори нест. Инсон ва майли у ба озоди мавзуи асосии эчодиёти Петрарка мебошад. Акидахои фалсафи, сиёси ва эстетикии Петрарка дар рисолахои «Безори аз олам» (1342— 1343), «Олами танхои» (1346—1366), «Дар бораи чохилии худам ва дигарон (1367—1370), «Мактуб ба наслхо» (1374) ва гайра ифода ёфтаанд. Петрарка мураттиб ва тафсиркунандаи дастнависхои шоирони Рими Кадим буд.

Баъзе асархои бадеии у («Африка», 1339—1342) ва гайра ба забони лотини навишта шудаанд. Вале шоир бештар бо лирикаи ишки ва сиёсиаш, ки ба забони италияви эчод карда буд, шухратманд гашт («Италияи ман», «Рухи оли» ва гайра). Асархои ба Лаура (зане, ки соли 1327 Петрарка бо у дар калисо вохурда будааст) бахшидаи Петрарка: «Дар васфи Ма­донна Лаура», «Дар вафоти Мадон­на Лаура» (сонетахо, кансонахо, мадригалхо ва гайра) дар эчодиёти у мавкеи хос доранд.

Достони рамзии «Тантанал зафар» (1354) низ ба Ла­ура бахшида шудааст. Петрарка дар таърихи назми Европа аввалин шахсест, ки лирикаро аз таъсири мазмунхои дини ва рамзию шарти озод карда, ба васфи ишки дуняви пардохт. Лири­каи Петрарка ба инкишофи назми Европа таъсири бузург расонидааст. Пеирарка дар баробари Данте ва Ч. Бокаччо яке аэ асосгузорони забони италияви ба шумор меравад.

Ос.: Избранное, М., 1074.

Ад.: Хлодовский Р. И., Ф. Петрар­ка. Поэамл гуманизма. М., 1074.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …