Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 33)

Теги: шоир

ХУРШЕДӢ

ХУРШЕДӢ     (с. тав. ва ваф.номаълум), шоир ва адиби форс-тоҷик (асри 11). Илмҳои расмии даври худ, махсусан, улуми адабиро ба хубӣ фаро гирифта буд. Аз осораш абёти пароканда боқӣ мондааст. Байти зерини ӯ дар «Ал-мӯъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ омадааст: То кай гирйӣ зи ишқу то кай нолӣ? Суд надорад гиристан, чӣ …

Муфассал »

ХУРАЙМӢ Абўяъқуб Исҳоқ ибни Ҳассон ибни Кўҳӣ

ХУРАЙМӢ Абўяъқуб Исҳоқ ибни Ҳассон ибни Кўҳӣ(с. тав. номаълум — ваф. байни солҳои 815— 816), шоири суғдинажоди араб. Дар ох. а. 8 ва ибт. а. 9 зиндагӣ кардааст. Дар шеърҳояш аслу насаби худро аз Суғду Аҷам нишон дода, Марви Шоҳиҷон, Ҷузҷон ва номҳои дигар шаҳрҳои Эрон ва Хуросону Мовароуннаҳрро зикр …

Муфассал »

ХУДОЙДОДЗОДА БОБОЮНУС

ХУДОЙДОДЗОДА БОБОЮНУС (1870, деҳаи Косатароши ҳозира  р- ни Совет —25. 5. 1945, деҳаи Чилчаи p-ни Совет), шоири халқии то­ҷик. Аз оилаи деҳқон. Ў аз хурдӣ ба сурудхонӣ ва гўрўғлисароӣ шавқ пайдо карда, аввал аз тағоияш ва баъдтар аз гўяндагони машҳури балҷувонӣ Шукурмаст, Мирзои Хол,Нуралии Ҷириқ ва диг. ҳунари гўяндагиро омўхт. …

Муфассал »

ХОҶӮИ КИРМОНӢ

ХОҶЎИ КИРМОНӢ -Абулато Камолуддин Маҳмуд ибни Али (1290, Кирмон —1354, Шероз), шоири форс-тоҷик. Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ин шоир баъди Хусрави Деҳлавӣ дувумин шахсест, ки анъанаи Низоми Ганҷавиро давом дода, достонҳои ишқию ахлоқӣ сурудааст. Ў соҳиби шаш маснавист, ки панҷтояш бо номи «Хамсаи Хоҷу» ёд шудааст. Маснавии аввали худ «Ҳумой …

Муфассал »

ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ

shirvani_hakani

ХОҚОНИИ ШЕРВОНӢ Афзалуддин Бадил ибни Алӣ (1120, Шервон—1198, Табрез), шоири озарбойҷонӣ, яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти форс-тоҷик. Аз оилаи косиб. Дар назди амакаш, ки шоиру табиб буд, тарбия гирифта, илмҳои расмии даврро омўхт. Дар шеър шогирди Абулъалои Ганҷавӣ буд ва бо ёрии ў ба дарбори Шервоншоҳиён роҳ ёфт. Макру ҳасади …

Муфассал »

ХОТУНӢ Муваффақуддин Абутоҳир Ҳусайн ибни Ҳайдар

ХОТУНӢ Муваффақуддин Абутоҳир Ҳусайн ибни Ҳайдар (с. тав. ва ваф. номаълум), шоир ва адиби форс-тоҷик (а. 12). Дар хидмати дарбори Маликшоҳи Салҷуқӣ ва завҷааш Гавҳархотун будааст ва аз ин рў «Хотунӣ» тахалл. кардааст. Якчанд қасида, ғазал, қитъаоти пандуахлоқӣ, муаммо ва абёти парокандааш ба воситаи тазкираҳо ва фарҳангҳо боқӣ мондааст. Xотунӣ …

Муфассал »

ХОТИФИ ХУҶАНДӢ Абдуннабӣ

ХОТИФИ ХУҶАНДӢ Абдуннабӣ (с. тав. номаълум, Хуҷанд — ваф. 1842 ё 1846, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Ба забони узбеки низ шеър гуфтааст. Аз хурдӣ ба омўзиши илму дониш саъю кушнш намудааст. Дар офаридани ғазал анъанаи шуарои бузурги тоҷикро идома додааст. Xотияи Xуҷандӣ шоири соҳибдевон буд, девонаш алҳол ба даст наёмадааст. …

Муфассал »

ХОЛИД ИБНИ РАБЕЪ Фахруддин

ХОЛИД ИБНИ РАБЕЪ  Фахруддин (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Аҷдодаш аз Макка буданд, вале ў дар Хуросон ба дунё омад ва камол ёфт. Дар дарбори шоҳони салҷуқӣ хидмат мекард. Бо шоири ҳамзамонаш  Анварӣ мукотиба ва робитаи дўстӣ дошт. Аз осори адабии Xолид ибни Рабеъ  79 байт …

Муфассал »

ХОЛИ ТИРМИЗИ Ҷалолуддин Абўбакр

ХОЛИ ТИРМИЗИ Ҷалолуддин Абўбакр (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Xоли Тирмизӣ дар зодгоҳаш Тирмиз таҳсили илм кардааст. Қитъаҳои ў бештар хусусияти андарзӣ доранд. Намунаҳое, ки Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» овардааст, аз ҳамин қабиланд. Xоли Тирмизӣ на танҳо дар қитъа, балки дар қасидаву рубойӣ ва ғазалиёташ низ …

Муфассал »

ХОЛЗОДА Саид

ХОЛЗОДА Саид (тав. 1916, деҳаи Марзичи pаёни Айнӣ), шоири халқии тоҷик. Аз оилаи косиби музадўз. Курси 7-моҳаи муаллимтайёркунии Ленинободро хатм кардааст (1937). Муаллим буд. Баъд ба Ҳисор омад. Дар сохтмони канали Варзоб иштирок кард. Шеърҳои аввалинаш — «Муаллимони сурхи Шўро» (1937), «Бо роҳбарии Ленин» (1938). Xолзода дар дос­тони «Ду ҳаёт» …

Муфассал »