Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОЛИ ТИРМИЗИ Ҷалолуддин Абўбакр

ХОЛИ ТИРМИЗИ Ҷалолуддин Абўбакр

ХОЛИ ТИРМИЗИ Ҷалолуддин Абўбакр (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Xоли Тирмизӣ дар зодгоҳаш Тирмиз таҳсили илм кардааст. Қитъаҳои ў бештар хусусияти андарзӣ доранд. Намунаҳое, ки Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» овардааст, аз ҳамин қабиланд. Xоли Тирмизӣ на танҳо дар қитъа, балки дар қасидаву рубойӣ ва ғазалиёташ низ ба панду насиҳат диққат додааст. Дар пандҳои ў ситоиши омўзиш, тавсифи хирадмандӣ, бузургии маънавӣ, мазаммати ҷаҳолат, ситаму бедодӣ ва ғ. мавқеи асосӣ доранд («Марди оқил ба сони шамъ бувад, ки ҳамехандаду ҳамесўзад…»). Xоли Тирмизӣ чи дар панду андарз ва чи дар ишқу васф ҳамеша ба зебоӣ ва лутфи сухан диққати махсус додааст.

Адабиёт: Абдуллоев А.,Адиб Собири Тирмизӣ, Д., 1969.      А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …