Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУШГӮ Биндробан Дос

ХУШГӮ Биндробан Дос

ХУШГЎ Биндробан Дос (с.тав. номаълум, Ҳиндустон-ваф. 1757, ш. Патнаи Биҳор), шоир ва тазкиранависи форсизабони Ҳиндустон. Дар ҷавонӣ дар дарбор хидмат кардааст. Пас аз 40-солагӣ тарки хидмат карда, ба кори эҷодӣ машғул шудааст. Xушгў бо Бедил ва диг. шоирони маъруфи муосираш робитаи дўстӣ ва эҷодӣ доштааст. Дар шеър ба тозагуӣ ва маъниҳои бикр майл доштааст ва шеършиноси хубе ҳам будааст. Хушгўро шоири соҳибдевон гуфтаанд. У ҳамчунин бо номи «Малфузоти Бедил» рисолаи ёддоштие навишта,, дар асоси нусхаҳои аслии мактубҳои чанде аз шоирони муосираш баёзи мураккабе тартиб додааст. Маъруфтарин асари ў тазкираи «Сафинаи Хушгў» мебошад.

В. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …