Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРАФУДДИНИ ШУФУРВЕҲ

ШАРАФУДДИНИ ШУФУРВЕҲ

ШАРАФУДДИНИ ШУФУРВЕҲ (с. тав. номаълум — ваф. 1204), шоири форс-тоҷик. Дар ох. а. 12— ибт. а. 13 умр ба cap бурдааст. Дар зодгоҳаш Исфаҳон илмҳои расмии даврро омухта, ба шоири пардохтааст. Маликушуарои дарбори яке аз ҳокимони салҷуқӣ — Атобаки Шергир буд.

Шарафуддин Шуфурвеҳ дар анвои гуногуни шеър— қасида, ғазал, рубоӣ ва ғ. асарҳо эҷод кардааст, ки дар девонаш (ба қавли Ризоқулихони Ҳидоят — «Маҷмаъ-ул-фуса ҳо» тақр. 8 ҳаз. байт)_ ҷамъоварӣ шудааст. Вай ба мавзуъҳои ишқ, ҳасби ҳол, панду насиҳат, танқиди хислатҳои бади инсонӣ ва ғ. дахл кардааст. Абьёти зер намунаи шеъри уст:

Як шаб сӯи дӯстон гузар кун,

Дар кори шикастагон назар кун.

Гуфтӣ, ки дилат ба ғам бисӯзам,

Гар дил бинӣ, аз ин батар кун.

Чун оинаӣ зи лутф, зинҳор,

Эй оина зи-оҳи ман ҳазар кун.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …