Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАМСУДДИНИ ТАБАСӢ

ШАМСУДДИНИ ТАБАСӢ

ШАМСУДДИНИ ТАБАСӢ Муҳаммад ибни Абдулкарим (с. тав. номаълум — ваф. 1229, Ҳирот), шоири форс-тоҷик. Аз Хуросон барои таҳсил ба Бухоро омада, минбаъд сокини Самарқанд шуд. Дар охири ҳаёташ қозии ш. Ҳирот буд.

Аз Шамсуддини Табасӣ девони ашъоре дар ҳудуди 2 ҳаз. байт (қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, муқатаот ва ғ.) боқист. Шоир дар ашъораш ба Ҳоқонӣ пайравӣ кардааст, вале дар ашъори ӯ таркиботи хос ва мазмунҳои тозаву дақиқ кам нестанд. Намунае аз ашъори Шамсуддини Табасӣ:

Сапедадам, ки ҷаҳон бӯи зулфи ёр гирифт.

Ҳаво латофати хубони гулузор гирифт.

Зи бас шамомаи кофур дил гумон мебурд.

Ки барф домани ин сабз кӯҳсор гирифт.

Ад.: Суханварони Сайқали рӯи замин. Д.,1973

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …