Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАТВО

islam-koran

ФАТВО (арабӣ —ҳукм, ҳукми шаръӣ), ҳукми шаръие, ки аз тарафи шайхулислом, фақоҳ ва муфти доир ба масъалаҳои гуногуни динию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию сиёсӣ дода мешавад. Фатво маъмулан хатти содиршуда, бояд ба Қуръону ҳадису шариат ва маҷмӯи фатвоҳои пешин асос ёфта бошад. Он барои ҳамаи ҷамоаҳо, муассисаҳои динӣ ва умуман барои …

Муфассал »

ФАТИЛА

fratila

ФАТИЛА, тампон, сабих, 1) як порча (ҳамвор ё лӯнда) докаи покро гӯянд, ки барои нигоҳ доштани хун ё берун кардани чирк ба даруни ҷароҳат ё сатҳи он гузошта мешавад. Мӯҳлати гирифтани фатила ба таъйиноти он вобаста аст. 2) Ресмони ғафси пахтатофтест, ки дар чароғи пилтасӯз ва шамъ метузоштанд.

Муфассал »

ФАТАЛИЗМ

ФАТАЛИЗМ (аз лотинӣ fatalis — сарнавишт, тақдир), ҷаҳонбиниест, ки падидаҳои табиат ва ҳодисоти ҷамъиятро ба тақдир ва сарнавишт вобаста намуда, ҳама гуна тасодуф ва озодиро дар ҷараёни фаъолияти инсон рад мекунад. Аввал фатализм дар тасаввуроти асотирӣ пайдо шуда, инсонро мутеи ҳодисоти табиат ва қувваҳои фавқуттабиӣ медонист. Баъди ташаккули динҳои расмии …

Муфассал »

ФАССИОЛЁЗ

1511805317115111109

ФАССИОЛЁЗ бомории киҷҷавии ҳайвонот (гов, гӯсфанд, хук ва ғайра) ва одамро гӯянд, ки ба гурӯҳи трематодозфо мансуб аст. Барангезандааш фассиолаҳо буда, дар талхадон ва ҷараёнгоҳи талхаи ҷигар тухм мегузоранд. Тухм бо ахлот хориҷ шуда, дар об ва организми соҳиби мобайнӣ (лармбадаиҳо) инкишоф меёбад. Бемори асосан ҳангоми бо об ё растанӣ …

Муфассал »

ФАССОД

raghoi-xun

ФАССОД (арабӣ —рагзан), дар тибби қадим мутахассисеро меномиданд, ки аз рагҳои муайяни бадани беморон бо нештар задан миқдоре хун сар медод. Нигаред низ Хунгирӣ.

Муфассал »