Маълумоти охирин

ФАТВО

ФАТВО (арабӣ —ҳукм, ҳукми шаръӣ), ҳукми шаръие, ки аз тарафи шайхулислом, фақоҳ ва муфти доир ба масъалаҳои гуногуни динию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию сиёсӣ дода мешавад. Фатво маъмулан хатти содиршуда, бояд ба Қуръону ҳадису шариат ва маҷмӯи фатвоҳои пешин асос ёфта бошад. Он барои ҳамаи ҷамоаҳо, муассисаҳои динӣ ва умуман барои кулли мусулмонон дастури ҳатмист. Дар шиа фатворо муҷтаҳид мадиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо фатво фикри муштараки фақеҳони расмии ислом буд. Соли 1935 дар донишгоҳи динии Алазҳар шӯрои махсусе ташкил шуд, ки фатво медод.

islam-koran
Дар асрҳои миёна, махсусан ҳангоми эълони ҷанг ва ё бастани сулҳ фатвои фақеҳони расмии ислом лозим буд. Дар замони ҳозира ҳангоми додани фатво дар мамлакатҳои тарқи мусулмони намояндагони расмии ислом тараққиёти илму тахника ва вазъияти иҷтимоию сиосиро ба назар гирифта, ба модернизасияи дин роҳ медиҳанд. Дар ҷамъияти истиоморӣ дар фатво манфиатҳои иҷгимоию ҳуқуқӣ ва ахлоқии синфи ҳукмрон ҳимоя мешавад.
Д. Хушқадамов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …