Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАССИОЛЁЗ

ФАССИОЛЁЗ

ФАССИОЛЁЗ бомории киҷҷавии ҳайвонот (гов, гӯсфанд, хук ва ғайра) ва одамро гӯянд, ки ба гурӯҳи трематодозфо мансуб аст. Барангезандааш фассиолаҳо буда, дар талхадон ва ҷараёнгоҳи талхаи ҷигар тухм мегузоранд. Тухм бо ахлот хориҷ шуда, дар об ва организми соҳиби мобайнӣ (лармбадаиҳо) инкишоф меёбад.

1511805317115111109

Бемори асосан ҳангоми бо об ё растанӣ фурӯ бурдани кирминаи барангезанда пайдо мешавад. Одам баъди 2—4 ҳафтаи сиролт таб карда месурфад, ҷигараш калон ва дарднок мешавад. Минбаъд зуҳури шадиди фассиолёз тадриҷан нест шуда, беморӣ музмин мегардад, ки аломатҳои асосиаш ихтилоли ҳозима ва калону дарднок шудани ҷигар аст. Фассиолёз и ҳайвонот ҳамаҷоя паҳн шудааст. Дар СССР ба фассиолёз боштар гов, уштур, аси, заргӯш ва ғайра гирифтор мешаванд. Ҳайвонот асосан дар чарогоҳ сироят меёбад, боморӣ шадид ва музмин мегузарад. Муолиҷа: хлоксил ё аметин (барои одам) ва гексихол, битионол, чорхлориди карбон (барои ҳайвонот). Пешгирӣ: обро ҷӯшонда пӯшидан (барои одам), иваз кардани чарогоҳ, нест кардани нармбаданҳо (барои ҳайвонот). X. К. Қамариддинов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …