Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулваҳҳоб Мирзо

Абдулваҳҳоб Мирзо (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тақрибан байни 1860 – 1870, шаҳри Китоб), хаттоти тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Абдулваҳҳоб Мирзо бештар аз 100 асарро ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ бо хати шикаста ва настаълиқ китобат кардааст. Аз осори хаттотии Абдулваҳҳоб Мирзо то замони мо маснавиҳои Ҷалолуддини Румӣ …

Муфассал »

Абдулбоқии Табрезӣ

Абдулбоқии Табрезӣ (соли таваллудаш номаълум – 1681), хаттоти эронӣ (асри 17). Давраи ҷавониаш дар зодгоҳаш Табрез гузаштааст. Баъд барои касби камол ба Бағдод рафта, бо китобат машғул шудааст. Дар навиштани хатҳои сулс, насх, риқоъ ва ғайра устод будааст. Аз осори ӯ катибаҳои масҷиди Шоҳ Сулаймон (шаҳри Исфаҳон) боқӣ мондааст, Бо …

Муфассал »

Абдулбоқии Наҳовандӣ

Абдулбоқии Наҳовандӣ (1570, деҳаи Ҷулаки Наҳованд – 1633, Ҳиндустон), шоир, адиб, таърихнигори форсизабони Ҳиндустон. Аҷдодаш аз курдони Ироқ буданд. Бобову падараш дар давраи ҳукмронии Исмоили Сафавӣ (1501 – 1524) аз Ироқ ба Эрон кӯчиданд. Падари Абдулбоқии Наҳовандб, бародараш Оқо Ҳизр чун омилон, волӣ, ҳукуматдорони баъзе минтақаҳои атрофи давлат хидмат мекарданд. …

Муфассал »

Деҳаи Абдулбобиён

Абдулбобиён, деҳа дар Ҷамоати шаҳраки Обигарм, тобеъ ба шаҳри Роғун. Аз Абдулбобиён то маркази шаҳри Роғун 25 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 110 нафар (2009), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, обчакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз оби сой ва чашмаӣ Холипарак обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Амири Абдулаҳадхон

amiri-abdulahadxon

Абдулаҳадхон (16. 3, 1859, Кармина – 6.1.1911, ҳамон ҷо), амири ҳаштум аз сулолаи Манғития, фарзанди амир Музаффар. Абдулаҳадхон  соли 1873 дар синни 14-солагӣ беки Кармина (ҳозира шаҳри Навоии Ҷумхурии Ӯзбекистан) таъйин гардид. 15 майи (27 май) соли 1883 дар маросими тоҷгузории подшоҳи рус – Александри III иштирок намуд ва подшоҳи …

Муфассал »