Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулбоқии Наҳовандӣ

Абдулбоқии Наҳовандӣ

Абдулбоқии Наҳовандӣ (1570, деҳаи Ҷулаки Наҳованд – 1633, Ҳиндустон), шоир, адиб, таърихнигори форсизабони Ҳиндустон. Аҷдодаш аз курдони Ироқ буданд. Бобову падараш дар давраи ҳукмронии Исмоили Сафавӣ (1501 – 1524) аз Ироқ ба Эрон кӯчиданд. Падари Абдулбоқии Наҳовандб, бародараш Оқо Ҳизр чун омилон, волӣ, ҳукуматдорони баъзе минтақаҳои атрофи давлат хидмат мекарданд.

Аҷдоди Абдулбоқии Наҳовандӣ шахсони фозил буданд, табъи шоирӣ доштанд. Дар ҳамин муҳит, дар муошират бо аҳли илму адаб, ки ба даргоҳи падару бародараш меомаданд, айёми наврасӣ ва камолоти Абдубоқии Наҳовандӣ сипарӣ гаштааст. Муддате ӯ ҳам дар корҳои давлатӣ иштирок доштааст. Ба сабаби зиддиятҳои дарборӣ, ҳасодати байниҳамдигарии омилон Абдулбоқии Наҳовандӣ маҷбур мешавад ватанашро тарк карда, рӯ ба Ҳинд биёрад.

Дар Ҳиндустон аввал ба дарбори Абдураҳими Хони Хонон ворид шуд ва то соли 1619 дар хидмати ӯ буд. Сипас ба хидмати шоҳзода Парвиз даромад ва то охири умр ҳамроҳи ӯ буд. Аз Абдулбоқии  Наҳовандӣ асари таърихиву бадеии «Маосири Раҳимӣ» (дар бораи таърихи хонадон ва осори ҳайрияи Абдураҳими Хони Хонон), 391 байт дар анвои гуногуни шеър (қасида, ғазал, рӯбоӣ, байт), дебочаҳои ба «Куллиёт»-и Урфии Шерозӣ ва «Девони рубоиёт»-и Амир Муғаййисиддин Маҳвии Ҳамадонӣ навиштааш боқӣ мондаанд.

Ос.: Маосири Раҳимӣ (бахши зиндагиномаҳо). Т., 1381 ҳ. ш., Куллиёти Урфии Шерозӣ, ҷ. 1, Т., 1378 ҳ. ш.

Ад.: Муҳаммадиев Ш. М. «Маосири Раҳими» Абдулбаки Нахованди как литературный источник по истории персоязычной литературы Индии XVI – XVII веков. Д., 2009.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …