Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШAҒOPA

shaghora

ШAҒOPA, як навъ ҳайвони даррандаи ширхорест аз ҷинси Mustela (оилаи савсориҳо). Шағора ду намуд аст: Шағораи европоӣ (М. lutreola) дар Европа, ноҳияҳои ҳамвории қисми европоии СССР ва Сибири Ҷан. Ғapбӣ вомехурад; Шағораи америкоӣ (М. visen) дар Америкаи Шимолӣ маскун аст: дар СССР онро ба шароити маҳаллии як қатор нодҳияҳои қисми …

Муфассал »

ШАҒОД

shohnoma

ШАҒОД яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Зол. Модараш канизаки навозандаи руду гуяндае будааст. Аз айёми кудакӣ ситорашиносон муайян карданд, ки аз у шуру ситезе дар даҳон хоҳад бархост. Зол уро ба назди шоҳи Кобул фиристод, то ҳамон ҷо парвариш ёбад. Шоҳи Кобул духтарашро ба у дода, умед дошт аз …

Муфассал »

ШАҒОЛ

shaghol

ШАҒОЛ, шағол (Canis aureus), як навъ ҷонвари ширхури даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ ба оилаи сагшаклҳо мансуб аст. Шағол зоҳиран монанди гург аст, вале аз он хурдтар буда, думи кутоҳ ва фуки борик дорад. Рангаш зимистон хокистарии сурхча ва тобистон сурхча. Дарозии баданаш 70—82 см, думаш қариб 20 см. …

Муфассал »

ШАҒАЛ

shaghal

ШАҒАЛ, сангчол, қисми куҳии таҳшиниро гуянд, ки аз ҷинспораҳои суфтаи андозаашон 1—10 см иборат аст. Одатан пораҳои қиррадори ҷинсҳои куҳӣ дар обҳои равон ва аз мавҷи оби баҳру кулҳо ба якдигар молиш хурда, ба Шағал табдил меёбанд. Шағал масолеҳи бинокорӣ буда, онро бештар дар роҳсозӣ истифода мебаранд.

Муфассал »

ШАҒАЛАК

shaghalak

ШАҒАЛАК (Hammada leptoclada), як навъ нимбуттаест аз оилаи шӯраиҳо. То 1 м қад мекашад. Пояаш сершох, навдаи яксолааш сабзи зардтоб, резабарг, гулаш дуҷинса, моҳи июль мешукуфад. Дар дашту биебонҳои Осиёи Миёна (бештар дар ҳавзаи д. Аму) меруяд. Дар Тоҷикистон асосан дар ҷойҳои санглохи оҳаку гаҷдор, шурзамин ва чарогоҳи ноҳияҳои ҷануб …

Муфассал »