Маълумоти охирин

ШAҒOPA

shaghora

ШAҒOPA, як навъ ҳайвони даррандаи ширхорест аз ҷинси Mustela (оилаи савсориҳо). Шағора ду намуд аст: Шағораи европоӣ (М. lutreola) дар Европа, ноҳияҳои ҳамвории қисми европоии СССР ва Сибири Ҷан. Ғapбӣ вомехурад; Шағораи америкоӣ (М. visen) дар Америкаи Шимолӣ маскун аст: дар СССР онро ба шароити маҳаллии як қатор нодҳияҳои қисми европоӣ, Сибир ва Шарқи Дур одат кунонндаанд. Танааш дарози борик. Дарозии бадани Шағораи европоӣ то 45 см; дарозии думаш то 20 см. Шағораи америкоӣ нисбатан калонтар аст (дарозии баданаш то 54 см). Пойҳояш кутоҳ. Байни ангуштонаш пардаи чандон инкишофнаёфтаи шиноварӣ дорад. Муинааш зич, сиёҳтоби ҷилодор. Дар наздикии дарьёҳои ҷангал, кулу ботлоқзор лона сохта ё дар хонаи ҳайвонҳои дигар (ондатра, калламуши обӣ) зиндагӣ мекунад. Шағора ширхорҳои майда, паррандаҳо ва тухми онҳо, курбоққа ва моҳиро мехурад. Февр.— апр. ҷуфт мешавад; даври ҳамлаш 43—77 шаборӯз. Шағора ҳайвони пурқимати муинадор аст.

Шағораи америкоӣ яке аз ҳайвонҳои асосии муинадори парворӣ мебошад. Дар хоҷагиҳои ваҳшпарварӣ Шағораҳои калонро мепарваранд. Шағора дар 9—10 моҳагӣ болиғ мешавад; ҳар бор 5—6 (то 12) бача мезояд. Ба Шағора гушту моҳӣ, шир ва растанӣ медиҳанд. Дар катакҳои оҳанин (дар ҳавои кушод ё хонаҳо) нигоҳ медоранд. Дар 5—6-моҳагӣ (зимистон, вақте ки муинааш мерасад) мекушанд. Шағораҳои зотиро 3—4 сол истифода мебаранд. Дар СССР ва хориҷа асосан оид ба рӯёнидани зотҳои нави муяннашон рангоранги Шағора тадқикот мебаранд.

Ад., Млекопитающие Советского Союз.,т. 2, ч. 1, М., 1967; Пушное звеноводство и кролиководство, М., 1971.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …