Маълумоти охирин

ШАҒОД

ШАҒОД яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Зол. Модараш канизаки навозандаи руду гуяндае будааст. Аз айёми кудакӣ ситорашиносон муайян карданд, ки аз у шуру ситезе дар даҳон хоҳад бархост. Зол уро ба назди шоҳи Кобул фиристод, то ҳамон ҷо парвариш ёбад. Шоҳи Кобул духтарашро ба у дода, умед дошт аз бож додан ба Рустам озод шавад. Вақте Рустам аз онҳо бож хост, Шағод бо шоҳ паймон бастанд, ки Рустамро бикушанд. Шағод бо найранг Рустамро ба Кобул овард. Шоҳи Кобул дар шигоргоҳи Рустам якчанд чоҳ канда буд. Рустам бо Рахш ва ҳамроҳонаш ба он чоҳҳо афтида, кушта шуданд. Пеш аз марг Рустам Шағодро бо тири камон ҳалок кард.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …