Маълумоти охирин

ШАҒОЛ

shaghol

ШАҒОЛ, шағол (Canis aureus), як навъ ҷонвари ширхури даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ ба оилаи сагшаклҳо мансуб аст. Шағол зоҳиран монанди гург аст, вале аз он хурдтар буда, думи кутоҳ ва фуки борик дорад. Рангаш зимистон хокистарии сурхча ва тобистон сурхча. Дарозии баданаш 70—82 см, думаш қариб 20 см. Шағол дар ҷан. Европа. Африкаи Шимолӣ, ҷан. Осиё ва ҷаз. Цейлон паҳн шудааст. Дар СССР дар Кавказ, Осиёи Миёна ва баъзан Молдавия вомехурад. Acocaн дар буттазори назди соҳилҳо ва баъзан биёбону доманакуҳҳо зиндагӣ мекунад. Ғизояш хояндаҳо, паррандаҳо, лоша, мева ва ғ. аст. Шағол 4—9 бача мезояд, ки дар дусолагӣ болиғ мешаванд. Шағол асосан ҷонвари шабгард буда, уллоси баланд мекашад. Аҳамияти саноатиаш кам аст. Баъзан ба хоҷагии шикор ва паррандапарварӣ зарар меорад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …