Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 37)

Теги: Шахсони машҳур

АБУСАИД БАҲОДУРХОН

nomalum

АБУСАИД БАҲОДУРХОН, охирин хони муғул аз силсилаи Элхонҳо. Абусаид пас аз марги падараш Ӯлчойтухон (1316) дар Табрез ба тахти салтанат нишаст, вале чун ҷавон буд, кудрати воқеӣ дар дасти амир Чӯпон қарор дошт. Авзои сиёсии ин давра ба сомон набуд; амирони муғултабор пай дар пай киём ме- бардоштанд. Окибат соли …

Муфассал »

АБУСАЙД

nomalum

АБУСАЙД (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), ҳокими Самарқанд (1530 — 33), писари Кӯчкинчихон аз сулолаи Шайбониён, бародари Абдуллоҳхони I. Бо супориши Абусайд дар ҷануби Регистни Самарқанд мадрасаи кабудгунбази «Чилдухтарон»-ро бино кардаанд, ки дар он Кӯчкинчихон бо се писараш, аз ҷумла Абусайд ва се наберааш дафн шудаанд. Ҳоло санги мармари ниҳоят …

Муфассал »

Абуҳанафа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам)

Абуханифа

АБУҲАНИФА Нӯъмон ибни Собит ибни Марзбон, мулаққаб ба «Имоми аъзам» ва «Сироҷ-ул-аимма» (699, Куфа – 767, Бағдод), фақеҳ ва мутакаллими номвари аҳди аввали ислом, поягузори равияи суннӣ ва муассиси мазҳаби ҳанафия. Авлодаш аслан аз Балл буда, бобояш Умар ибни Ҳаммодро Зоуто ё Зутӣ меномиданд. Ин калима дар забони авестоӣ ва …

Муфассал »

Абуусмон Саид ибни Мусаҷҷаҳ

nomalum

АБУУСМОН САИД ибни Мусаҷҷаҳ (соли таваллуд номаълум- 720, Димишқ), мусикишинос ва ҳофизи форс-тоҷик. Ӯро ҳоким Абдуллоҳ Ибни Забир ҳамроҳи ғуломон аз Ироқ оварда буд, Абуусмон Саид дар баробари иштирок дар тармими Каъба суруду оҳангҳои ҳамкорони  форсашро омӯхта, лаёқати хуби ҳу-нарварӣ пайдо кард ва баъд барои истеъдоди баланди ҳунарвариаш аз ғуломӣ …

Муфассал »

АБУЛҲАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ҶАҲОНГИРӢ

odami_nomalum

АБУЛҲАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ҶАҲОНГИРӢ (таваллуд 1588/89, Деҳӣ- вафот номаълум), мусаввир ва хаттоти эронӣ. Мулаққаб ба Нодируззамон. Писари мусаввир Око Ризо, ки аз Эрон ба Ҳиндустон кӯчидааст. Ӯ ҳунари хушнависӣ ва мусаввириро аз падараш омӯхта, дар синни 17-солагиаш чун мусаввиру хаттот шӯҳрат ёфтааст. Хати настаълиқро зебо менавишт. Яке аз мусаввирон ва муқаррабони …

Муфассал »

АБУЛҚОСИМ БОБУР

Abul-Qasim Babur Mirza

АБУЛҚОСИМ БОБУР, (1422, Ҳирот – 1457, Машҳад), ҳокими Хуросон (1449 – 57), аз сулолаи Темуриён, писари Бойсунқур, набераи Шоҳрух, бародари хурдии Улуғбек. Баъд аз фавти Бойсунқур писаронаш Султон Муҳаммад, Алоуддавла ва Абулқосим Бобур дар хонаи бобояшон Шоҳрух (вафот 1447) тарбия гирифтанд. Баъд аз фавти Шоҳрух барои ба даст овардани тахти …

Муфассал »

Аброр

nomalum

АБРОР (соли таваллуд номаълум – вафот 1856), шоир ва хаттоти тоҷик. Аз Истаравшан. Падараш Муҳаммадсолеҳ низ шоир будааст. Аброр маълумоти иб- тидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас таҳсилро дар мадрасаи Хоҷаҷони Истаравшан давом дод. Ӯ чун донишманд ва шоир шӯҳрат доштааст. Дар санъати хаттотӣ низ машхур гашта, дар навиштани ҳафт навъи …

Муфассал »

Абдусаломова Рафоат

АБДУСАЛОМОВА Рафоат

АБДУСАЛОМОВА Рафоат (таваллуд 10.3.1939, Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом), аввалин наттоки телевизиони тоҷик, Корманди хизмат- нишондодаи маданияти Тоҷикистон (1989). Хатмкардаи Университети Даватии Тоҷикистон (1963). 3 октябри 1959 нахустин барномаи санҷишии телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд. Аз соли 1961 (45 сол) дар телевизио­ни тоҷик ба хайси наттоқ, …

Муфассал »

АБДУСАЛОМОВА Мақсуда Неъматовна

АБДУСАЛОМОВА Мақсуда Неъматовна

АБДУСАЛОМОВА Мақсуда Неъматовна (таваллуд 20.12.1938, Самарканд), химик, доктори илмҳои химия (1988), профессор (1990), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи Институти олии технологии шащри Ленинград (1959). Лаборанти калони Институти химияи Академияи Илмҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон . (1960 – 61), аспи­ранта Институти металлургияи Академияи Илмҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии СотсиалистӣСССР (1961 …

Муфассал »

Абдусаломов Ислом Абдураҳмонович

Ислом Абдусаломов

АБДУСАЛОМОВ Ислом Абдураҳмонович (таваллуд 13.2.1929, Самарқанд), парандашинос, доктори илмҳои био­логия (1972), профессор (1983), академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996). Хатмкардаи факултети биологияю хокшиносии Университети давлатии Ӯзбекистон (1950). Ассистента кафедраи зоологияи мӯҳрадорони факултети биологияи хамин донишгох дар шаҳри Самарканд (1950-54), аспирант (1954-63), ҷонишини директор …

Муфассал »