Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 39)

Теги: Шахсони машҳур

Абдурраҳмони Суфӣ

Абдурраҳмони Суфӣ  Абулҳусайн (Абулҳасан) Абдурраҳмон ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Саҳли Суфии Розӣ (8. 12. 903, Рай, Эрон – 25.5.986, Исфаҳон), мунаҷҷим ва чуғрофидони арабизабони форс- тоҷик. Солҳои 946 – 947 дар шаҳри Диновар (наздикии Кирмоншоҳ), солҳои 948 – 949 дар Исфаҳон зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Абдурраҳмони Суфӣ тарғибкунандаи равияи …

Муфассал »

Абдурраҳмони Самарқандӣ

Абдурраҳмони Самарқандӣ, Мирзо Мулло Абдураҳмон ибни Муҳаммадлатиф Мустаҷири Самарқандӣ (соли таввллуд ва вафот номаълум), сайёҳ, мутарҷим, роҳбалад ва ҳамкори олимони рус дар омӯзиши этно­графия ва географияи Осиёи Миёна. Абдурраҳмони Самарқандӣ аслан тарҷумон ва роҳбалади шарқшинос ва географи рус Абдурраҳмони Самарқандӣ А. Л. Кун дар Экспедитсияи Искандаркӯл (1870) дар болооби дарёи …

Муфассал »

Абдурраҳмони Офтобачӣ

Абдурраҳмони Офтобачӣ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз роҳбарони шӯриши халқии солҳои 1873 -76 дар хонии Хуқанд. Абдурраҳмони Офтобачӣро аввалҳо Худоёрхон ба вазифаи офтобачии дарбор (дар замони пеш ин вазифа обдор, дастархондор ва амсоли инҳо ном дошт) таъин карда  буд. Апрели 1873 дар навоҳии ҷанубу шарқии хонии Хӯқанд бо …

Муфассал »

Абдурраҳмони Муҳманд

Абдурраҳмони Муҳманд (номи дигараш Раҳмон Бобо; 1632, деҳаи Баҳодури назди шаҳри Пешовар – 1706, ҳамон ҷо), шоири афғон. Ба забони пашту менавишт. Осораш дар девоне фароҳам омадаанд, ки дар Лоҳур (1876) ва Кобул (1949) ба табъ расидааст. Мавзӯъҳои ашъораш ишқ, панду андарз, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, даъват ба ваҳдати миллӣ ва ғайра …

Муфассал »

Абдурраҳмони III

Абдурраҳмони III (891 – 961), амир (912) ва баъд халифаи Куртуба аз соли 929. Ба Абдурраҳмони III лақаби «Ғолиб» (ан-Носир) гузошта буданд. Аморатро, ки аз тарафи собиқадоронаш суст ва пароканда шуда буд, барқарор кард. Соли 931 Сеута, 932 Толедоро забт намуд. Аз соли 955 Леон ва Навар­ра ба Абдурраҳмони  III …

Муфассал »

Абдурраҳмони II

Абдурраҳмони II (792 – 852), амири Қурта аз соли 822, абераи Аб- дурраҳмони I. Ҳомии машҳури илму дониш ва санъат. Дар сиёсат мутаассиб набуд, ба ҳамаи динҳо эҳтиром дошт. Иморатҳои боҳашамате, ки дар замони Абдурраҳмони П сохта шуданд, ба хазинаи давлат зарар овард.

Муфассал »

Абдурраҳмони I

abdurrahmoni-1

Абдурраҳмони I (734 – 788), амири Қурта аз соли 756, асосгузори су-  лолаи Умавиёни Қурта дар нимҷазираи Пиреней. Абдурраҳмон аз Сурия ба воситаи Африкаи шимолӣ ба Испания рафт. Он ҷо Кордова (Қурта)-ро забт карда, амири Андалусия гардид. Ба манзури мутамарказонии давлат бар зидди аъёну ашрофи қабилаҳои араб ва барбарҳо (муқимнишинони …

Муфассал »

Абдурраҳмон Давлат

Абдурраҳмон Давлат ибни Толеъ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррих, толеъшинос (астролог) ва нависандаи тоҷик (асрҳҳои 18 – 19), ҳамасри Абулфайзхон – охирин намояндаи силсилаи Аштархониёни Бу­хоро. Абдурраҳмон муаллифи асари таърихии «Таърихи Абулфайзхон» аст. Ин китоб шомили таърихи ҳукумати Абул­файзхон буда, иттилооти муҳиме дар робита бо таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ – …

Муфассал »

Абдурраҳмонбег

Абдурраҳмонбег (1856, Бухоро – 1916, ҳамон ҷо), ҳофиз, оҳангсоз ва машшоқи номии тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Бухоро, аслу насабаш аз Насаф аст. Санъати сарояндагӣ ва навозандагиро дар Бухоро аз худ на­мудааст. Зимни ҳамнишинӣ бо устодони «Шашмақом» Бобоҷалол Носирзода ва Бобоғиёс Абдулғанизода ба катори беҳтарин хонандагону сарояндагони мақомҳои классикӣ расидааст. Абдурраҳмонбег …

Муфассал »

Абдурраҳмон Бараки Муншӣ

Абдурраҳмон Бараки Муншӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хат­тот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 15). Аслан аз Бухорост. Асарҳои бисёреро китобату хаттотӣ намудааст. Соли 1464 бо супориши амир Субҳонқулихон «Бахр-ул-хавос» ном аса­ри Неъматуллоҳ Ҳокими Кирмониро бо хати хоною зебо китобат карда­аст. Мутаассифона, асар аз рӯи нус­хаи асл китобат нашуда, баъд тавассути …

Муфассал »