Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 40)

Теги: Шахсони машҳур

Абдурраҳими Xоразмӣ

Абдурраҳими Xоразмӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва шоири форс-тоҷик (асри 16). Писари Абдурраҳмони Хоразмӣ. Дар бораи зиндагии Абдурраҳими Xоразмӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Вай асосан дар Шероз ва Табрез зиндагӣ кардааст. Ҳунари хаттотиро дар овони бачагиаш аз па- дараш омӯхтааст. Фаъолияти хушнависии Абдурраҳими Xоразмӣ асосан ба солҳои …

Муфассал »

Абдурраҳими Пешкӯҳӣ

Абдурраҳимиш Пешкӯҳӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Пешкӯҳ. Хаттоти моҳир ва устоди беҳамтои хати настаълиқ будааст. Қитъаҳои зиёдеро китобат намуда­аст, ки намунаҳояш дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумхурии Ӯзбекистон маҳфузанд. Табъи баланди шоирӣ низ доштааст.

Муфассал »

Абдурраҳими Низорӣ

Абдурраҳими Низорӣ (1770, Қошғар – 1848, Турфон), шоир ва хаттоти уйғур. Дар дарбори ҳокими Қошгар Зуҳуриддинбек котибӣ кардааст. Барои мактабу мадрасаҳои уйғурӣ дар асоси асарҳои Ҳофиз ва Навоӣ дастурҳои таълимӣ тартиб додааст: «Хоҷа Ҳофиз», «Навоӣ» (1805). Дар адабиёти уйғур нахустин бор 9 достони машҳури адабиёти классикии форс-тоҷик («Фарҳод ва Ши­рин», …

Муфассал »

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ Шоҳ Абдурраҳим ибни Сайид Мирзо Му- ҳаммади Кӯлобӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1870), шоири тоҷик. Бо тахаллусҳои Раҳим, Раҳимӣ, Абдурраҳим ва Абдурраҳимӣ эҷод кардааст. Таҳсили улуми мутадовилаи даврашро дар зодгоҳаш – Кӯлоб оғоз карда, сипас барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Аз баъзе шеърҳои Абдурраҳими Кӯлобӣ бармеояд, …

Муфассал »

Абдурраҳими Биҳорӣ

Абдурраҳими Биҳорӣ Абдурраҳим ибни Аҳмади Сури Биҳорӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон. Дар музофоти Биҳор умр ба cap бурдааст. Ӯ ба во­ситаи фарҳанги худ «Кашф-ул-луғот ва-л-мусталиҳот» (таълифаш тақрибан 1608), ки баъзан дар маъхазҳо бо унвони «Фарҳанги шайх Абдурраҳими Биҳорӣ» низ ёд шудааст, маъруф гардадааст. Аз маълумоти дар …

Муфассал »

Абдурразоқи Самарқандӣ

Абдурразоқи Самарқандӣ Камолиддин Абдурраззоқ ибни Ҷалолиддин Исҳоқи Самаркандӣ (8. 11. 1413, Ҳирот – 1482, ҳамон ҷо), нависандаю таърихнигор ва шоири форс- тоҷик. Падари ӯ зодаи Самарқанд буда, дар қароргоҳи Шоҳрух (ҳукмронии 1404 – 47) вазифаи қозигӣ ва имомиро адо мекард. Давраи ҷавонӣ ва донишомӯзии Абдурразоқи Самарқандӣ, асосан, дар Ҳирот гузаштааст. …

Муфассал »

Абдурразоқи Лоҳиҷӣ

Абдурразоқи Лоҳиҷӣ Алӣ ибни Ҳусайн, мулаккаб ба Файёз (соли таваллуд  номаълум – вафот. 1661), намояндаи мактаби фалсафаи Исфаҳон ва ҳикмат мутаолиҳаи Эрон. Яке аз шогирдон ва домоди Садруддини Шерозӣ. Абдурразоқи Лоҳичӣ улуми замонаашро дар Мароға омӯхт, силас ба маркази ҳавзаи илмии аҳди Сафавия – Исфаҳон омада, ба омӯзиши улуми ақлию …

Муфассал »

Абдурразоқ Маҳдум

Абдурразоқ Маҳдум (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (охири асри 19 – аввали асри 20). Зодгоҳаш Шош. Дар навиштани анвои хати арабӣ маҳорати баланд дошта, осори классикони адабиёти форс-тоҷикро китобат кардааст. Аз намунаи осори китобаташ то имрӯз маҷмӯаҳои ашъори «Девони Юсуф» (китобаташ 1908, таҳти рақами 902), «Девони …

Муфассал »

Абдурашитов Рашит

abdurashidov-rashit

Абдурашитов Рашит (таваллуд 22. 7. 1935, шаҳри Қӯрғонтеппа), рассоми тоҷик. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе (1958). Шогирди Г. А. Кузмин ва В. М. Боборикин. Фаъолияти рассомиаш аз соли 1960 оғоз гардида, асарҳои аввалинаш нисбатан содаву одӣ ва бештар ба тасвири манзара бахшида шудаанд («Манзараи баҳор», «Дар гулгашта Театри тобистона», …

Муфассал »

Абдурашидов Исо

abdurashidov-iso

Абдурашидов Исо (таваллуд 15. 3. 1947, деҳаи Сангонели ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Хатмкардаи факулте­ти санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (1972). Актёр (1972 – 89) ва директори (1989 – 2008) Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Аз соли …

Муфассал »