Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 70)

Теги: Шахсони машҳур

МАҲМУДИ ҲАКИМ

nophoto

МАҲМУДИ ҲАКИМ (1819, Шероз —1858, ҳамон 40), хушнавис, шоир ва табиби эронӣ. Падараш Висоли Шерозӣ ном дошта, Маҳмуди Ҳаким аз овони ҷавонӣ бо тарбияти ӯ ба камол мерасад ва аз улуми замона баҳравар мегардад. Маҳмуди Ҳаким ба илми тиб таваҷҷӯҳи хосе доштааст ва унвони «Ҳаким»-ро гирифтааст. Ӯ дар замони ҳукмронии …

Муфассал »

МАҲМУДИ ҚОШҒАРӢ

nophoto

МАҲМУДИ ҚОШҒАРӢ ибни Ҳусайн ибни Муҳам­мад (1029—38, Қошғар —соли вафот номаълум), муаррих, географ ва забоншиноси туркизабони Осиёи Миё­на. Маълумоти тарҷимаиҳолӣ хеле кам аст. Маҳмуди Қошғарӣ дар давраи ҳукмронии Қарахониён зиндагӣ ва эҷод карда, борҳо дар сӯҳбати олимони Бухоро ва Самарқанд ҳузур ёфта буд. Ӯ бо асари худ «Девону луғот-ит-турк» машҳур …

Муфассал »

МАҲМУДИ ҒИЖДУВОНӢ

nophoto

МАҲМУДИ ҒИЖДУВОНӢ Маҳмуд ибни Шайх Алӣ ибни Имомуддини Ғиждувонӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), муаррих ва сайёҳи асри 16 тоҷик. Маҳмуди Ғиждуыонӣ ҳамроҳи устодонаш Шайх Камолуддин Ҳусайни Xоразмӣ ва Шайх Ҳоҷимуҳаммади Хабушонӣ ба шаҳрҳои Осиёи Миёнаву Эрон сафар кардааст. Соли 1543 дар асоси хотироти худ асари «Мифтоҳ- ут-толибин» («Калиди толибилмон»)-ро …

Муфассал »

МАҲМУДИ ҒАЗНАВӢ

gaznavi

МАҲМУДИ ҒАЗНАВӢ Абулқосим (тақрибан 969/71—1030), султон аз сулолаи Ғазнавиён (998— 1030). Маҳмуди Ғазнавӣ сиёсати ҷангҷӯёна бур­да, ҳудуди давлати худро хеле васеъ кард. Соли 999 Хуросонро забт карда, ба сарҳади давлати Қарохониёни Осиёи Миёна наздик шуд. Соли 1008 дар наздикии Балх Қарохониёнро шикаст дода, заминҳои болооби ҳар ду соҳили Аму, аз …

Муфассал »

МАҲМУДИ ШОНАКӢ

nophoto

МАҲМУДИ ШОНАКӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқишинос, созанда ва олими форс-тоҷики асри 15. Дар Ҳирот таваллуд ёфта­аст. Санъати мусиқиро аз мусиқишиносони маъруфи давраш Амир Муртаз, Хоҷа Юсуфи Бурбон омӯхт. Маҳмуди Шонакӣ чун навозанда ва ҳофизи боистеъдоди марсияхон дар Ҳирот ва ноҳияҳои он машҳур буд. Барий такмили ҳунар ба Астаробод, …

Муфассал »

МАҲМУДИ ШАБУСТАРӢ

nophoto

МАҲМУДИ ШАБУСТАРӢ Ибни Абдукарим (1252, Шабустар, наздикии Табрез— 1320, ҳамон ҷо), файласуф, шоир, мутафаккири асрҳои 13—14. Асарҳои ӯ достони «Гулшани роз», рисолаҳои «Кава-ул-ҳақоиқ», «Шаҳиднома», «Мираъот-ул-муҳаққиқин», ки ба за­бони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудаанд, асосан масъалаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва ирфониро дар бар мегиранд. Ақоиди фалсафии Маҳмуди Шабустарӣ ба таълимоти машшоиён қаробат дошта, низ …

Муфассал »

МАҲМУДИ ЧАЛАБӢ

nophoto

МАҲМУДИ ЧАЛАБӢ ибни Муҳаммад (бо номи Марнами Чалабӣ низ машҳур мебошад) (соли таваллуд номаълум — вафот 1525), риёзидон ва ҳайатшиноси асри 16 тоҷик. Набера ва шогирди Қозизодаи Румӣ. Баъд аз таназзули мактаби илмии Самарқанду монанди Алоуддини Қушчӣ ва диг. ба Туркия меравад ва дар он ҷо анъанаҳои олимони Самарқандро давом …

Муфассал »

МАҲМУДИ ТОРОБӢ

nophoto

МАҲМУДИ ТОРОБӢ (соли таваллуд номаълум, деҳаи Тороби ш. Бу­хоро — вафот 1238, наздикии ш. Кар­тина), роҳбари шӯриши халқии зидди феодалони муғул ва маҳаллӣ дар Осиёи Миёна 1238). Маҳмуди Торобӣ аз оилаи ҳунарманд буда, ғалберсозӣ мекард. Аз номи зодгоҳаш ӯро Торобӣ номидаанд. Маҳмуди Торобӣ аз хоҳараш касби табибиро низ омӯхта бисёр …

Муфассал »

МАҲМУДИ ТАНБӮРӢ

nophoto

МАҲМУДИ ТАНБӮРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда ва бастакори охири асри 15 ва аввали асри 16 форс-тоҷик. Дар Ҳирот таваллуд ёфта, дар Табрез ва Бухоро таҳсили илм кардааст. Санъати танбӯрнавозиро дар зодгоҳаш омӯхта, сабки хос пайдо кардааст. Дар сози тан­бӯр оҳангу таронаҳои зиёде офаридааст. «Амали Танбӯрӣ», «Пешрави Маҳмудӣ», «Нақши …

Муфассал »

МАҲМУДИ СИЁВУШОНӢ

nophoto

МАҲМУДИ СИЁВУШОНӢ (соли таваллуд номаълум, Ҳирот — вафот 4587, Балх), хушнавис ва мусиқидони форс-тоҷик. Падараш Хоҷа Исҳоқи Шаҳобӣ, яке аз соҳибмансабони дарбори Дармешхон буд. Ҳангоми Ҳиротро фатҳ кардани Убайдуллоҳхон (1529) оилаи Маҳмуди Сиёвушонӣ ба Бухоро кӯчид. Дар Бухоро нозукиҳои санъати хаттотиро аз Миралии Ҳиротӣ омӯхта, дар ин пеша забардасти замон …

Муфассал »