Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАЙД

АБУСАЙД

АБУСАЙД (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), ҳокими Самарқанд (1530 — 33), писари Кӯчкинчихон аз сулолаи Шайбониён, бародари Абдуллоҳхони I. Бо супориши Абусайд дар ҷануби Регистни Самарқанд мадрасаи кабудгунбази «Чилдухтарон»-ро бино кардаанд, ки дар он Кӯчкинчихон бо се писараш, аз ҷумла Абусайд ва се наберааш дафн шудаанд.

Ҳоло санги мармари ниҳоят зебои сари кабри Абусайд дар музейи Самарқанд буда, яке аз намунаҳои санъати нафиси ҳаққокӣ ва хаттотии асри 16 ба шумор меравад.

А. Мухтаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …