Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Абуҳанафа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам)

Абуҳанафа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам)

АБУҲАНИФА Нӯъмон ибни Собит ибни Марзбон, мулаққаб ба «Имоми аъзам» ва «Сироҷ-ул-аимма» (699, Куфа – 767, Бағдод), фақеҳ ва мутакаллими номвари аҳди аввали ислом, поягузори равияи суннӣ ва муассиси мазҳаби ҳанафия. Авлодаш аслан аз Балл буда, бобояш Умар ибни Ҳаммодро Зоуто ё Зутӣ меномиданд. Ин калима дар забони авестоӣ ва санскрит хондани суруду ниёишҳои мазҳабиро ифода мекунад ва Зардушт ҳам худро дар «Готҳо»-и Авесто «зоутар» номидааст. Ӯ бо халифи чаҳоруми рошидӣ Алӣ ибни Абитолиб ошноӣ дошта, ба ӯ баъзан дар ҷашнҳои наврӯзӣ ҳадяе тақдим мекардааст.

Абуханифа

Падари Абуҳанифа Собит тибқи иттилои маноқибнависон, дар Куфа нонвойхонае дошт, ки ризқу рӯзии хонаводаро таъмин менамуд. Абуҳанифа дар ҷавонӣ ба тиҷорат машғул буд ва дар дукони худ «хез» (порча, матоъ, либоси абрешимӣ) мефурӯхт. Шуғли бозаргонии ӯ равнақ дошт ва дӯкони ӯ ба фурӯшгоҳи нисбатан бузурге табдил ёфта, маркази бузурги амонатгузорӣ низ шуда буд, ки мардум молу маблағҳои ҳангуфтеро ба амонат мегузоштанд. Тиҷорат ягона манбаи даромади Абуҳанифа буд. Фоидаи аз тиҷорат бадастомадаро на фақат ба­рои рӯзгори худ, балки барои кӯмак ба устодон, шогирдон ва дармондагону бенавоён сарф мекардааст.

Таҷрибаи васли Абуҳанифа дар умури молӣ ба ӯ басирати муфиде дар ҳалли бисёр масоили фақеҳию ҳуқуқӣ бахшидааст.  Агар ба пайгирии фаъолияти омӯзишӣ ва касби улуми замона аз дидгоҳи Абуҳанифа пардозем, бояд қайд кард, ки тибқи суханони худи ӯ, Абуҳанифа аввал ба илми қироати Қуръони карим ва таҷвиди он машғул шуда, сипас ба омӯзиши дигар улуми диниву дунявии замона, аз қабили сарфу наҳв, илми ҳадис ва шеъру адабу фалсафа шурӯъ намуд. Дар ҷараёни ин омӯзиш аз бисёр фақеҳону мутакаллимон, олимону донишмандон ва устодону аҳди фазли замона – Омири Шаъбӣ, Абуисҳоқи Шабеӣ, Ибни Абинуҷуд, Қайс ибни Мусаллам, Ибни Муртасид, Қаттода ибни Даома, Молик ибни Динор илм омӯхт.

Барои омӯзиш ва такмили дониши худ тақрибан 20 маротиба ба Басра сафар карда, бо олимону мутакаллимони ин шаҳр ба сӯҳбат нишастааст ва ҳудуди 50 маротиба тавофи Каъба намудааст. Дар ин сафарҳояш бо олимону шайхони машҳури Ҳиҷоз, Макка ва Ма­дина – Робиа ибни Абуабдурраҳмон, Ато ибни Абураббоҳ, Имом Боқир, Абдурраҳмони Аъроҷ, Муҳаммади Мундакар, Ибни Шиҳоби Заҳрӣ, Амр ибни Динор, Абдулзабири Маккӣ ва дигаромулоқот намуда, роҷеъ ба масо­или гуногуни улуми шаръию каломӣ ва ҳуқуқӣ ба баҳсу андеша пардохтааст. Абуҳанифа аввали фаъолияташро аз омӯзиши илми калом сар кард ва ба дараҷае расид, ки аҳди фазл ба ӯ ба унвони марҷаъ ва ҳуҷҷат менигаристанд.

Дар натиҷаи ҳамин ҷустуҷӯ ва ҳадафи асосии омӯзиш қарор додани масоили ақидатии доғи он рӯз, ки илми калом нав давраи балоғаташро аз сар мегузаронд, Абуҳанифа бо истифода аз дониши андӯхта аз устодони машҳури худ ва табъу андешаи ба­ланди илмӣ дар баҳсу муҷодалаву муноқишаҳои каломӣ ширкат наму­да, назари худро дар онҳо озодона баён мекард. Ҳангоме ки Имоми Аъзам комилан вориди илми калом шуд, ба хубӣ фаҳмид, ки манфиати он ба­рои ӯ кам аст, аз ин рӯ, Абуҳанифа аз илми ка­лом сарфи назар карда, ба омӯзиши сарфу наҳву адаб ва аз худ намудани фанни шеър пардохт, вале оқибати, онро ситоишу мадҳу ҳаҷв дарёфта, аз он низ даст кашид ва ба таҳқиқи ҳадис пардохт.

Барои табақабандии ҳадис ва ҷамъоварии онҳо вобаста ба мавзӯъҳои табакабандишуда замони тӯлонӣ лозим буд ва чунин нуқтаро низ Абуҳанифа дарк кард, ки агар хатое дар ин соҳа содир кунад, то рӯзи қиёмат ин гуноҳ ба гардани ӯ хоҳад буд. Пас аз тааммули бисёр илми фиқҳро афзал тар аз ҳамаи улуми фавқ арзёбӣ намуд ва ба омӯзиши он пардохт. Ба фикри ӯ, ҳар қадар ки вай ба умқи ин илм мерасид, ҳамон қадар бузургӣ ва муфидии ин илм барояш бештар маълум мегардид. Бинобар ин, ӯ бо уламо, машоих ва фақеҳону аҳди башар ҳамнишин шуда, ба омӯзиши фиқҳи исломӣ ба куллӣ дода шуд ва дар ин соҳа комёбии бузурге насибаш гардид.

Омили дигаре, ки Абуҳанифаро ба фиқҳи исломӣ машғул шудан водор мекард, он буд, ки дар ҷомеаи исломӣ дар замони хулафои рошиддин ва Умавия сил сила и масоили шаръию хукукие арзи вучуд намуданд, ки боиси ба вучуд омада- ни ихтилофи назархо ва пайдоиши фирқаву  ҷараёнҳои мазҳабӣ дар дохили дини ислом гардиданд. Парешониву нобасомонӣ ва ҷангу ҷидолҳои дохилӣ (ҷангҳои Ҷамал, Сиффин, муҳорибаи Наҳравон) қаламрави хилофатро фаро гирифта буд. Арзёбиву доварии чунин масъалаҳои умдаи иҷтимоию сиёсӣ ва ақидаҳои мухталифи каломӣ аз назари шаръию ҳуқуқиро Абуҳанифа вазифаи муқаддаси худ мешуморад.

Чунин иқдом супориш ва ё дастури ҳокиме аз тарафи хилофат набуд, балки амри дили олиму фақеҳи сарсупурдае буд ва Абуҳанифа ба хотири такрор нашудани чунин ҳодисаҳо дар дохили хилофат ва пешгирӣ аз нобасомонию ҷудоиандозӣ дар ҷомеаи исломӣ даст ба чунин кори масъулиятнок зад ва ҷомеаро ба қонунмандӣ даъват намуд.

Агар аз як тараф дарку огоҳии Абуҳанифа аз авзои ҷомеаи ҷаҳони исломӣ ва саъю кӯшишаш барои зиндагии одилона ва мусолиматомези мусулмонон ӯро ба ин кор водор намуда бошад, аз та­рафи дигар, таъсири амиқи устодаш дар илми фақоҳат Ҳамод ибни Абисулаймон, ки 18 соли тамом дар доираи илмии ӯ даре хонда, ҳамдаму ҳамнишини ӯ шуда буд, ҳисси ӯро дар чунин сарсупурдагӣ дар фиқҳи (исломӣ бедор карда буд. Ӯ бар хилофи равишу шеваи «аҳди ҳадис» шар ҳалли масоили шаръию ҳуқуқӣ, бо он бардошти зеҳние, ки зимни омӯзиш касб намуда буд, аз дидгоҳи мактаби ироқии ақлгароёна, ки мар­кази он дар шаҳри Куфа буд, назар кард.

Аҳди Куфа Абуҳанифаро ҳамчун имому пешво ва хазинаи зиндаи илму ганҷинаи фиқҳ қабул карданд. Дар посух ба ин боварӣ 30 соли тамом заҳмат кашид, то мактаби фақеҳии ақлгароёнаи ироқиро ҳамчун маркази маорифи динии хилофат ба олами ислом муаррафӣ намояд ва онро дар асри 8 ба «Дор-ул-фиқҳ»-и бузурги исломӣ таб­дил диҳад.

Имоми Аъзам ҳамроҳи шогирдонаш, ки машҳуртарини онҳо Абуюсуф Яъқуб ибни Иброҳим ибни Ҳабиби Куфӣ ва Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ мебошанд, тавонист, ки сабаби нобасомониҳои аз давраи Усмон  то ба замони эшон, моҷароҳои иҷтимоию сиёсӣ ва баҳсҳои мазҳабию ақидатии бавуҷудомадаро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ арзёбӣ намоянд ва дар давоми сӣ сол пайваста ба тадрис, мутолиа, баҳсу таҳқиқ ва натиҷагарӣ дар масоили шаръию ҳуқуқӣ машғул шавад. Мадрасае, ки Абуҳанифа раҳбарии онро ба ӯҳда дошт, ҳамроҳи шогирдони бовафояш ба қавле ба 60 ҳазор ва ба қавли дигар ба 83 ҳазор масоили фиқҳу посух гуфт, ки ин фатвоҳо дар ҷаридаи донишномаи фиқҳи исломӣ сабт шудаанд. Имоми Аъзам тамоми умри бобаракати худро ба таҳқиқу омӯзиши масоили фиқҳӣ, каломӣ ва улуми шаръӣ сарф намуд. Ин шӯҳрати ӯ на фақат дар ҳаллу фасли масоили динӣ зоҳир мешуд, балки ӯ ҳамчун аввалин олими соҳаи маорифи исломӣ яке аз поягузорони асосии мазҳабӣ аҳди суннат ва ҷамоат гар­дид.

Хусусиятҳои шахсии Абуҳанифа роҷеъ ба тақводорӣ, парҳезкорӣ, ботамкинӣ, саховатмандӣ, хоҷатбарорӣ, одобу рафтор ва муомилаи хуб, ҳатто тарзи либоспӯшии ӯро шогирдону маноқибнависон ва бо истинод ба онҳо, дигар муҳаққиқон дар осорашон бо ҳусни ният дарҷ намудаан. Ба Абуҳанифа вазифаҳои гуногун дар дарбори хилофат пешниҳод шудааст, аз ҷумла пешниҳоди Абуязиди Ҳубайра ба вазифаи қозигӣ ё мутасаддии «байтулмол» (хазинаи хилофат), пешниҳоди Мансури Давонақӣ ба вазифаи қозиюлқузот ва чандин пешниҳодҳои дигарро номбар намудан мумкин аст. Вале ӯ ҳамаи онҳоро рад намуда, ба­рон чунин рафтораш заҷр кашидааст ва ҳатто тозиёна дидааст.

Барои напазируфтани вазифа оқибат аз дасти Мансури Аббосӣ, ки ӯро ба ҳабс андохта буд, ба тарзи номаълум ин ҷаҳонро падруд гуфт. Турбати ӯ дар Ҳуҷайрони Бағдод аст, ки имрӯз бо номи «Ҳай-ул-аъзамия» машҳур мебошад. То ба рӯзгори мо осори бевоситаи Абуҳанифа омада нарасидаанд ва бино ба қавли баъзе муҳаққиқон, шояд ҳам аслан вуҷуд надоштаанд. Вале шогирдони Абуҳанифа гуфтаҳо, суханрониҳо, хитобаҳо, мулоҳизаҳо ва раъю ақоиди устоди худро ҷамъоварӣ карда дар шакли китоб ба риштаи таҳрир даровардаанд. Фатвоҳои ӯ бештар ба қалами худи Абуҳанифа мансуб будаанд. Осори ҷамъоваришуда, ки маноқибнависони асрҳои баъдӣ низ ба онҳо ишора намудаанд, аксаран ба мавзӯъҳои каломӣ, ахлоқӣ ва динӣ бахшида шудаанд.

Муҳимтарин асари ӯ «Фиқҳи акбар» мебошад. Дар фехристи осори Абуҳанифа китоби «ал-Васоё» мавқеи махсус дорад, зеро он масоили давраҳои охири фаъолияти Имоми Аъзамро дар бар гирифта, шомили ҷиҳатҳои куллии мактаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Дар он насиҳатҳои Абуҳанифа ба шогирдон гирд оварда шуда­анд. «Муснад»-и Абуҳанифа иборат аз маҷмӯи ҳодисаҳое мебошад, ки шогирдон ва пайравони баъдии ӯ мураттаб сохтаанд. Асари нисбатан хурд, вале муътабари Имоми Аъзам «Рисола ило Усмон ал-Баттӣ» мебошад, ки дар посух ба фақеҳ ва мутафаккири машҳури Басра Усмон ибни Сулаймон ал-Баттӣ (вафоташ 860) нигошта, назарн мурҷигароёнаи худро ба таври аҳсан дифоъ намудааст. «Ал- Олим ва-л-мутааллим» дорои саволу ҷавобҳои зиёде байни устодону шогирдон дар бораи таълимоти ирҷоии ҳанафия мебошад. Пайраво­ни ин мазҳаб онро дар асри 10 ба риштаи таҳрир дароварданд. Ду матлаби ҷолиби таваҷҷуҳест, ки моҳиятан мавқеъ ва мавзеи Имоми Аъзамро дар ташаккули маорифи исломӣ ифода мекунанд. Масъалаи аввал аз он 102 иборат аст, ки ӯ дар таълимоти худ аз ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ дурӣ ҷуст ва дар байни ҷараёнҳои гуногуни дорои хусусияти сиёсиву ақидатӣ мавқеи васатиро интихоб намуд. Ин амали ӯ барои муттаҳид сохтани ҷомеаи ба гурӯҳҳо тақсимшудаи исломӣ (хориҷия, мурҷиа, мӯътазила, шиа ва ғайра), меъёри амал қарор додани муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва даст кашидан аз манфиату дархостҳои гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат кард.

Матлаби дуюме, ки ба он ишо­ра шуд, марбут ба ҳаллу фасли ма­соили шаръию ҳуқуқист. Ин масъала аз он ҷиҳат доро аҳамият аст, ки Абуҳанифа ба усули таҳқиқу баррасии суннатӣ унсурҳои тоза ворид намуд. «Асҳоби ҳадис» танҳо ду марҷаи аслӣ – Қуръону суннатро дар умури шаръ­ию ҳуқуқӣ истифода мебурданд, вале Абуҳанифа ба он қиёс, истеҳсон, урфро дохил кард ва масоили иҷмоъ ва фатворо такмил намуд. Он чи ба матлаби аввал тааллуқ дорад, Абуҳанифа ҳокими ростинро Худо медонад, ки Паёмбарро расули Худо бар ҳақ мешуморад. Пас шариат ин қонуни Худо ва паёмбари ӯст ва дигар қонунҳое, ки аз он бартару афзалтар бошанд, вуҷуд надоранд.

Вобаста ба ҳамин масъала Имоми Аъзам таърифи куфру имон, мазмуни гуноҳони кабираю сағира, иқрору эътиқод, амри маъруф ва наҳӣ аз мункар, хусусиятҳои султон ва муносибати ӯ ба раият, ҳамчунин баҳси ҷойгоҳи илоҳӣ ва қадим ё ҳадис будани Қуръони каримро ҳамвора масоили ҳуқуқӣ, меросӣ, маданӣ, муносибатҳои хонаводагӣ, оилавӣ, маишӣ ва ғайра ироа намуда, назари худро нисбат ба онҳо баён кардааст. Онҳо асоси таълимоти мазҳаби суннӣ гардиданд. Ба фикри Абуҳанифа имон муродиф ба иқрору эътиқод аст, имон доштан, яъне «иқрор шудан ва эътиқод доштан ба Худову расул аст». Дар «ал-Васоё» ӯ ин масъаларо бо мисолҳо шарҳ дода, дар фасли аввали он навиштааст, ки «имон иқрор кар­дан ба забон ва тасдиқ кардан бо дил аст.

Иқрори танҳо имон (ҳисоб) намешавад, зеро агар имон ҳисоб шавад, албатта ҳамаи мунофиқон муъмин ҳисоб мешуданд. Асли имон зиёду кам намешавад, зеро нуқсони имон бе зиёдшавии куфр тасаввур намеша­вад. Ва зиёдшавии имон бе камшавии куфр тасаввур намешавад (яъне як шахе ҳам кофир ва ҳам муъмин на­мешавад)». Роҷеъ ба усули фиқҳ Абуҳанифа ягонагии улою ақоиди муҷтаҳидону фақеҳони соҳибфатворо иҷмоъ меномад, ки манбаъ ва марҷаи сеюми фиқҳи исломӣ маҳсуб мешавад. Он дар замони хулафои рошиддин ба расмият даромада буд ва Абуҳанифа онро такмил дод. Марҷаи сеюми фиқҳи исломӣ қиёс аст, ки он манбаи нав воридкардаи Имоми Аъзам дар илми фақоҳат мебошад. Дигар мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат низ онро қабул намуданд.

Дар усули қиёс Абуҳанифа танҳо ба маърифати чизе, ки аҳком ба он далолат мекунад, қонеъ нашуда, ба васфе, ки барои он муассир ва ҳукми умумӣ ба аҳком мебахшид, мавриди истифо­да қарор дода, аз он натиҷагирӣ мекард. Барои мисол, нӯшидани шароб дар дини ислом ҳаром аст, ки дар ин бора дар ду манбаи асосӣ – Қуръону суннат сухан рафтааст. Вале дар бораи нӯшидани оби ҷав (пиво) дар ин ду марҷа чизе гуфта нашудааст. Абуҳанифа аз рӯи қиёси ҳукми аввал хулоса мебаровард, ки чун нӯшидани шароб ва оби ҷав ба нафси инсон зарар меоваранд ва махмуркунандаанд, яъне ҳар ду дорои як хусусиятанд, нӯшидани оби ҷав низ ҳаром аст.

Истеҳсон ихтирои бузурги Абуҳанифа мебошад, ки онро маъмулан қиёс бар қиёс ё қиёси дугона мехонанд ва ҳадаф аз он эҳтиёту мувозибат ва ба иштибоҳ роҳ надодан дар ҳукми шаръию ҳуқуқӣ мебошад. Роҷеъ ба фатво қаблан иттилооти муқаддамотӣ ҳамчун манбаи илми фиқҳ ироа гардид. Яке аз аслҳои муҳиме, ки Имоми Аъзам ҳамчун манбаи фиқҳ эълон кард, урф буд. Одату урфи мардум бо алоқаи ақлӣ амри такроршаванда аст ва ба ҳамин сабаб онро сарфи назар намудан нашояд.

Ҳамин тариқ Абуҳанифа ва пайравони мактаби ӯ, ки дар адабиёти динӣ бо номи «асҳоби раъй» маъруфанд, дар ҳаллу фасли масоили баҳсовари фақеҳӣ ҳамчун марҷаъ аз Қуръону суннат, иҷмоъ, қиёс истифода мекарданд, сипас рӯ ба истеҳсон меоварданд ва дар онҳо агар чизе пайдо накарданд, матлабро дар одати шойеъ дар байни мардум ҷустуҷӯ менамуданд, ки он бо истилоҳи «урф» машҳур гардид. Ба­рои чунин муносибат «асҳоби ҳадис» Абуҳанифа ва шогирдони ӯро ба муносибати ақлгароёна айбдор карда буданд. Вале Имоми Аъзам интиқоди онҳоро қабул надошт ва мавқеи васатӣ ишғол намудани худро бори дигар бо суханонаш иброз дошт.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 – Соли бузургдошти мутакаллим ва фақеҳи намоёни аҳди аввали Ислом, муассиси мазҳаби Ҳанафия Имоми Аъзам Абуҳанифа дар Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд, ки дар ин ҳамоиш қариб аз ҳамаи мамлакатҳои дунёи Ислом намояндагони баландмартаба иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ад.: Ҳазратқулов М., Ислом ва Абуҳанифа. Д., 2009; Абулфутуҳ Муҳаммад ибни Абулкарими Шаҳристонӣ: Ал-милал ва н-ниҳал, Т., 1350; Абумансур Абдулқоҳири Бағдодӣ, Таърихи мазоҳиби ислом ё тарҷимаи «Фарқ байн-ал-фирақ», Табрез, 1333; Маделунг, Фирқаҳои исломӣ, Т., 1377; Таърихи фалсафа дар ислом, бо кӯшиши М. Шариф, ҷ. 1 Т., 1362; ҷ. 2, Т., 1365; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 8. Т., 1377; Саидризо Хусравшоҳӣ, Ил ал и зуҳури фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Т., 1341; Алиасғари Ҳалабӣ, Таърихи илми калом дар Эрон ва ҷаҳони ислом, Т., 1376; Мулло Алӣ ибн Султон Муҳаммад Ал-қорӣ, Шарҳ-ул-фиқҳ-ал-акбар, Д., 2008; Муҳаммад

Абузаҳра, Абуҳанифа,хаётиҳӣ,асриҳӣ,ороиҳӣ ва фиқҳиҳӣ, Қаҳира, 1997.

М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …