Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абдусаломова Рафоат

Абдусаломова Рафоат

АБДУСАЛОМОВА Рафоат (таваллуд 10.3.1939, Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом), аввалин наттоки телевизиони тоҷик, Корманди хизмат- нишондодаи маданияти Тоҷикистон (1989). Хатмкардаи Университети Даватии Тоҷикистон (1963). 3 октябри 1959 нахустин барномаи санҷишии телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд.

АБДУСАЛОМОВА Рафоат
Сурати АБДУСАЛОМОВА Рафоат

Аз соли 1961 (45 сол) дар телевизио­ни тоҷик ба хайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармухаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли теле­визиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Барномаҳои телевизионии «Дугонаҳо» солҳои 1970 – 85 доиман пахш гаштааст), «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Мухаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» ва ғайра, ки миёни тамошобинон маҳбубият доштанд, маҳсули эҷоди ӯст. Абдусаломова барандаи барномаҳои хоса барои телеви­зиони Москва ва дигар ҷумҳуриҳои собик Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Со­вета Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон , нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР» сарфароз гардидааст.

Основание: Телевизион – оинаи зиндагӣ, ушанбе„ 2002; Наттоқ чеҳраи телевизион, Душанбе„ 2008.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …