Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абдусаломова Рафоат

Абдусаломова Рафоат

АБДУСАЛОМОВА Рафоат (таваллуд 10.3.1939, Чамоати дехоти Пулодони нохияи Конибодом), аввалин наттоки телевизиони точик, Корманди хизмат- нишондодаи маданияти Точикистон (1989). Хатмкардаи Университети Даватии Точикистон (1963). 3 октябри 1959 нахустин барномаи санчишии телевизиони Точикистонро ба забони точики ба тамошобинон пешкаш намуд.

АБДУСАЛОМОВА Рафоат
Сурати АБДУСАЛОМОВА Рафоат

Аз соли 1961 (45 сол) дар телевизио­ни точик ба хайси натток, мухаррир, мудири шуъба, сармухаррир ва котиби масъули иттиходияхои эчоди кор карда, бахри рушду камоли теле­визиони точик сахми арзанда гузоштааст.

Барномахои телевизионии «Дугонахо» солхои 1970 – 85 доиман пахш гаштааст), «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Мухаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафруз» ва гайра, ки миёни тамошобинон махбубият доштанд, махсули эчоди уст. Абдусаломова барандаи барномахои хоса барои телеви­зиони Москва ва дигар чумхурихои собик Иттиходи Шурави буд.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Со­вета Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон , нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР» сарфароз гардидааст.

Основание: Телевизион – оинаи зиндаги, ушанбе„ 2002; Натток чехраи телевизион, Душанбе„ 2008.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.