МЕЗОЛИТ (аз мезо.. ва юн. lit- hos — сайг), асри миёнаи санг, дар паи гузариш аз палеолит ба неолит. Мукаррар карда шудааст, ки давраи Мезолит дар Европа 10—7 хазор сол, дар районхои шимоли 6—5 хазор сол, дар Шарки Наздик 12—9 хазор сол пеш аз ин давом намудааст. Маданияти Мезолит гуногун ва ганист: маданияти азил ва тарденуа (Европа), маглемозе ва эртебёлле (Шимоли Европа), натуф (Чан. Гарби Осиё), хоабин (Чен. Шарки Осиё) аз хамин кабил аст. Дар давраи Мезолит олоти тези санги (табар, дос, зогнул) ва олоте, ки аз шохи хайвонот сохта шудааст, инчунин шасти мохигири ба вучуд омаданд. Тиру камон, тарзи гуногуни мохигири ва шикори хайвоноти бахри расм шуд. Зарфхои сафоли асосан дар давраи гузаштан аз Мезолит ба неолит пайдо шудаанд. Эхтимол, саг хам дар охирхои палеолит ром гардида, дар давраи Мезолит ба мардум хизмат мекард. Ром кардани баъзе хайвонхо (хук ва г.) низ огоз ёфт. Асоси хочаги аз шикор, мохигири, чамъоварии меваю бехи растанихо иборат буд. Дар Осиёи Миёна, аз чумла Точикистон (Ошхона, Туткавул ва г.) баъзе ёдгорхои давраи Мезолит ёфт шудаанд.
В. А. Раков.