Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТИЛЛО

tillo

ТИЛЛО (лотинӣ Аurum) Аu, элементи химиявӣ аз гурӯҳи 1 системаи даврии Менделеев: рақами атомӣ 79, массаи атомӣ 196, 9665. Тилло металли вазнини рангаш зард аст. Як изотопи собити 197Аu дорад. 195Аu (Т1/2 = 185 рӯз) ва 198Аu (Т1/2 = 2,686 рӯз) изотопҳои радиоактиви нисбатан муҳими Тилло мебошанд. Тилло аввалин металли …

Муфассал »

ТИЛАК Балгангадҳар

ТИЛАК Балгангадҳар (23. 7. 1856, Ратнагири, Маҳароштра — 1. 8. 1920, Бамбай), яке аз роҳбарони қаноти демократии ҳаракати миллии озодихоҳии Ҳинд, олим, Ҳуқуқшинос. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсиаш аз солҳои 70 сар шудааст. Аз соли 1884 ба нашри газетаи «Маҳратта» ба забони англисӣ ва «Кесари» ба забони маратхҳӣ (ҳар ду газета дар …

Муфассал »

ТИЁНШОНИТ

tiyonshonit

ТИЁНШОНИТ (аз номи куҳҳои Тиёншон), минералест, ки онро нахустин бор соли 1967 геологҳои тоҷик В. Д. Дӯстматов ва В. Ю. Алхазов аз қаторкӯҳи Ҳисор ёфтаанд. Таркиби химиявиаш NаВаМn ТiВ2Si6O20-Сахтиаш 6—6,5; мӯрт; зичиаш 3290 кг/м3. Рангаш сабзи пистамонанд; ҷилояш шишагун. Дар рагҳон пегматитӣ, ки массиви сиенитҳои ишқориро бурида гузаштаанд, ҳамроҳи минералҳои …

Муфассал »

ТИЛАВОВ Бозор

ТИЛАВОВ Бозор (таваллуд 25. 2. 1932, Панҷакент), фольклоршиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1975). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1955. Шӯъбаи тарҷумаи бадени факултети таъриху филологияи Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1956). Муаллими Университети Давлатии Тоҷикистон (1956—58) буд. Ходими хурди илмӣ (1961—63) ва ходими калони илмии шӯъбаи фолклор …

Муфассал »

ТИЁНШОН

2

ТИЁНШОН (ба хитоӣ — Кӯҳҳои Осмонбӯс, номи туркиаш — Тангритоғ), системаи кӯҳист дар Осиён Миёна ва Марказӣ, ки байни 40° ва 45° аз шарқ, 67° ва 95° то шарқ воқеъ гаштааст. Қисми ғарбиаш дар ҳудуди СССР (қисми калонаш дар РСС Қирғизистон, қаторкӯҳҳои шимолӣ ва ғарбиаш дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Қазоқистон, …

Муфассал »