Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТИЛЛО

ТИЛЛО

ТИЛЛО (лотинӣ Аurum) Аu, элементи химиявӣ аз гурӯҳи 1 системаи даврии Менделеев: рақами атомӣ 79, массаи атомӣ 196, 9665. Тилло металли вазнини рангаш зард аст. Як изотопи собити 197Аu дорад. 195Аu (Т1/2 = 185 рӯз) ва 198Аu (Т1/2 = 2,686 рӯз) изотопҳои радиоактиви нисбатан муҳими Тилло мебошанд. Тилло аввалин металли ба одам маълум буд. Маснуоти аз Тилло сохташуда ҳанӯз дар замони неолит (ҳазораи 5—4 то мелод) мавҷуд буданд.

tillo

Дар мамлакатҳои қадим (Миср, Байнаннаҳрайн, Ҳиндустон, Хитой (ҳазораи 3—2 то мелод) Тилло истеҳсол карда, аз он ҳар гуна асбобҳои ороишӣ месохтанд. Алхимикҳо Тиллоро «шохи металлҳо» номида, ба рамаи Офтоб ишора карданд; кашфи усулҳои ба Тилло мубаддал кардани металҳои ноасил мақсади асосии алхимия буд. Тилло ба ҳисоби миёна 4,3- 10-7%-и массаи литосфераро ташкил медиҳад. Дар магма ва ҷинсҳои магмавӣ Тилло пароканда аст, вале аз обҳои гарм дарқишри замин конҳои гидротермии он ҳосил мешаванд, ки аҳамияти калони саноатӣ доранд. Дар маъданҳо Тилло асосан дар шакли холис вомехӯрад. Ҷинсҳои кӯҳӣ 5•10-7%, оби дарёю уқёнусҳо 0,01—0,05 мг/т Тилло доранд. Тилло дар бофта ва хуни организмҳои зинда низ ёфт шудааст. Тиллоро дар 41 мамлакати ҷаҳон истеҳсол мекунанд; захираи асосии он дар СССР, РАҶ ва Канада ҷой гирифтааст.
Тилло металли нарм ва хеде чандир буда, гармӣ ва қувваи электрро нағз мегузаронад; ба таъсири химиявӣ ниҳоят устувор аст. Зичиаш 19320 нг/м3 (дар 200С), t гуд. 1064,430С, ( ҷӯш. 29470С; конфигурасияи электронҳои қабати берунии атом 5d|06s’ мебошад. Дар пайвастҳояш 1 ва 3 дар баъзе пайвастҳои комплекси 2) валента аст. Тилло бо ғайриметаллҳо (ғайр аз галогенҳо) пайваст намешавад; бо галогенҳо галогенид ва дар омехтаи кислотаи HN03 ва НСI ҳал шуда кислотаи Н[АиСI4] ҳосил мекунад; дар маҳлулҳои цианиди натрий КаCN ё калий КCN (бо иштироки оксиген) Тилло ба цианоаурати (1) натрий 2Na[Аu (CN) 2] табдил меёбад.
Тиллоро аз қадимулайём бо усули гуногун аз қабили шустани реги конҳои пошхӯрда истеҳсол мекарданд. Солҳои 90-уми асри 19 дар Америка, Африка ва Австралия усули амалгамасия ва сианидониро истифода бурданд. Охири асри 19— аввали асри 20 Тиллоро аз конҳо истеҳсол мекардагӣ шуданд, яъне ҷинсҳои Тиллодорро майда карда, ба маҳлулҳои сианиди калий ё натрий омехта мекунанд, ки ҳангоми он Тилло аз таъсири сианидҳо дар шакли намаки комплексии ҳалшаванда ба маҳлул мегузарад. Баъд аз маҳлул онро ба воситаи металли руҳ барқарор карда, дар шакли такшон ҷудо мекунанд.
Тиллоро дар техника дар шакли хӯла ҳамроҳи дигар металлҳо (масалан, мис, платина ва ғайра) истифода мебаранд. Микдори Тиллоро дар хӯлаҳояш, ки барои истеҳсоли ҷавоҳирот, танга, медал, протези дандон ва ғайра корфармуда мешаванд, бо маҳак (проба) ишора мекунанд. Тилло инчунин барои зарҳалдавонӣ аз препаратҳои он дар тиб ҳангоми муолиҷан артритҳои музмин ва тарбод истифода мешавад; маҳлулҳои каллоидии Тиллои радиоактивро дар радиотерапия кор мефармоянд.
Тилло дар шароити истеҳсолоти молӣ эквиваленти куллӣ ҳисоб мешавад. Тилло чун эквиваленти куллӣ арзиши ҳамаи молҳои дигарро муайян намуда, арзипи махсуси истеъмолӣ пайдо мекунад ва ба пул табдил меёбад. «Тилло ва нуқра аз рӯи табиати худ пул нестанд, вале пул аз рӯи табиати худ тилло ва нуқра мебошад» (Маркс К., дар китоби Маркс К. и Энгельс Ф» Сочинение, 2 издателство, том 13, соли 137). Дар ибтидо Тилло фақат барои тайёр кардани ороишот истифода мешуд. Баъд воситаи пасандоз ва ғун намуданн боигарӣ ва мубодила гардид. Тиллоро ҳанӯз 1500 сол то мелод дар Хитой, Ҳиндустон, Миср, давлатҳои Байнаннаҳрайн ва дар Юнони Қадим асри 8—7 то мело ба сифати пул истифода бурдаанд. Дар терреторияи СССР (дар Арманистон) сиккаи тангаҳои тиллоӣ ба асри 1 то мело рост меояд. Вале Тилло дар давраи қадим ва асрҳои миёна металли асосии валюта набуд. Пулҳои мисину нуқрагиро низ истифода мебурданд.
Инкишофи капитализм ва авҷи савдои байналхалқӣ мақоми пули металлиро баланд кард. Бо вуҷуди он дар ҳамаи мамлакатҳо баробари Тилло пули нуқрагин ҳам дар муомилот буд. Зиёд шудани истеҳсоли ҷаҳонии Тилло ва махсусан аз Австралия ва Африка ба Европаю ШМА кашондани он нуқраро беқурб кард ва ба монометаллизми тиллоӣ (нигаред Стандарти тилло) гузаштани аксарияти мамлакатҳо шароит фароҳам овард. Тилло дар шароити истеҳсолоти молии стихиявӣ муносибати одамонро инъикос намуда, аз рӯи хусусияти фитрӣ ва натуралии худ мақоми он ҳамчун муносибати ашё дар тамоми соҳаҳо баланд гардида, фетишизми тиллою пулиро ба вуҷуд меорад. Ҳирси тиллоғункунӣ аз ҳад зиёд гардида, одамон ба ҷиноятҳои мудҳиш даст мезаданд. Нуфузаи Тилло махсусан дар замони капитализм, ки қувваи корм ба мол табдил меёбад, баланд шуд. Дар давраи капитализм ба вуҷуд омадани бозори ҷаҳонӣ доираи муомилоти Тиллоро васеъ намуда, онро ба пули ҷаҳонӣ табдил дод.
Дар давраи кризиси умумии капитализм стандарти тилло аҳамияти худро гум кард. Дар натиҷа дар муомилоти дохилии мамлакатҳои капиталистӣ пули коғазӣ маъмул гардид, ки ба банкнотҳои Тилло иваз намешуд. Содироти Тилло ва хариду фурӯши онро маҳдуд ё тамоман манъ карданд. Баъди ин Тилло чун воситал муомилот ва пардохт истифода намешуд, вале чун андозаи ягонаи арзиш, воситаи ташкили хазина ва пулҳои ҷаҳонӣ, заминаи асоси системаи пулӣ ва омили танзими қатъии муносибатҳои тарафайни пулӣ ва ӯҳдадориҳои мамлакатҳои капиталистӣ аҳамияти худро нигоҳ дошт. Ҳаҷми захираҳои Тилло нишонаи муҳими устувории валютаи капиталистӣ ва иктидори иқтлсодии мамлакатҳои ҷудогона мебошад (нигаред Захираи тилло). Ҳоло Тилло барои истифода бурдан дар саноат ва ғункунии хусусӣ дар бозорҳои махсуси Тилло хариду фурӯш мешавад. Аз доираи муомилоти бозори озоди байнидавлатӣ баромадани Тилло саҳми онро дар системаи валютаи ҷаҳони капиталистӣ, пеш аз ҳама, дар захираҳои валютаҳои онҳо кам кард. Дар иқтисодиёти социалистӣ низ Тилло эквиваленти куллӣ буда, ба сифати андозаи арзиш ва меъёри нарх истифода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …