Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИЛАК Балгангадҳар

ТИЛАК Балгангадҳар

ТИЛАК Балгангадҳар (23. 7. 1856, Ратнагири, Маҳароштра — 1. 8. 1920, Бамбай), яке аз роҳбарони қаноти демократии ҳаракати миллии озодихоҳии Ҳинд, олим, Ҳуқуқшинос. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсиаш аз солҳои 70 сар шудааст. Аз соли 1884 ба нашри газетаи «Маҳратта» ба забони англисӣ ва «Кесари» ба забони маратхҳӣ (ҳар ду газета дар охири асри 19 — аввали асри 20— органҳои қаноти демократии ҳаракати миллии Ҳинд) шурӯъ намуд. Тилак зулми мустамликадорони империализми Англияро дар Ҳиндустон сахт танқид намуда, тараққиёти мустақилонаи иқтисодиети ватанашро тарафдорӣ кард ва дар ҳаракати свадешҳо фаъолона иштирок намуд. У яке аз аввалин шахсонест, ки дар ҳаракати миллии Ҳинд назарияи зарурати ба муборизаи озодихоҳӣ ҷалб намудани оммаи меҳнаткашонро пешниҳод кардааст. Барои фаъолияти зиддиимпериалистиаш борҳо ҳабс, соли 1908 ба мӯҳлати 6 сол бадарға шудааст. Дар зери таъсири Револютсияи Октябр зарурати муборизаи пролетариати Ҳиндустонро барои ҳокимияти сиёсӣ тарғиб менамуд. Газетаҳое, ки Тилак нашр менамуд. Револютсияи Октябр, фаъолияти болшевиконро бо роҳбарии В. И. Ленип табрик мекарданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …