Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТИЛОХ

ТИЛОХ, тилех (Охосhоrdа аldertii), як навъ буттаи худрӯест аз оилаи настараниҳо. Дар шароити табиӣ одатан 2—3 (баъзан то 6 м) қад мекашад. Баргаш нештаршакл (дарозиаш то 10 см, бараш 3 см), гулаш калон (диаметраш то 4 см), сафед, дуҷниса (6—10-тоӣ дар хӯшагул ҷой мегирад), мевааш гӯзамонанд (дарозиаш то 1,7 см, …

Муфассал »

ТИЛЛОТЕППА

ТИЛЛОТЕППА, маъбади асрҳои 11 —9 то мелод ва қабристони асри 1 то меллод— асри 1 мелод дар Афғонистони Шимолӣ —5 км шимолу ғарбтари шарқи Шибирғон. Солҳои 1969, 1977—79 аз тарафи бостоншиносони советӣ омӯхта шудааст. Маъбад дар аввал аз ду толор — толори калон дар Шимол (зиёда аз 400 м2) ва …

Муфассал »

ТИЛЛОКОРӢ

tillo1

ТИЛЛОКОРӢ, ҳалкорӣ, зарҳал, як навъ санъати ороиши амалиро гӯянд. Тиллокорӣ аз замонҳои қадим дар соҳаҳои махсуси ҳунармандӣ, махсусан заргарӣ ва ороиши биноҳо васеъ истифода мешуд. Тиллокорӣ инчунин дар тазйини китобҳои дастнавису чопӣ (дар ороиши саҳифаҳо ва муқоваи он) мавқеи калон дошт. Мувофиқи баъзе ривоятҳо китобхои Монӣ на танҳо бо мусаввараҳо, …

Муфассал »

Деҳаи ТИЛЛООБОД

ТИЛЛООБОД, деҳаест дар совети қишлоқи Лоҳури ноҳияи Ленини Ресспубликаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон. Дар ҳудуди сохози «Ҳосилот». Аз деҳа то маркази совети қишлоқ 5 км, то ноҳия 14км. Аҳолиаш 450 нафар (1986). Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагиаш пахтакорист.

Муфассал »

ТИЛИСМ

tilism

ТИЛИСМ (арабӣ)» яке аз қадимтарин тасаввуроти афсонави ва амалиёти соҳириро гӯянд. Тилисм аввал дар Шарқ ба вуҷуд омада, сипас ба мамлакатҳои Ғарб густариш ёфтааст. Дар аҳди қадим коҳинон тилисмбандӣ мекарданд. Онҳо мӯътақид буданд, ки Тилисм ба мавқеи саёраҳо вобастагӣ дорад. Тилисмро ҳамчун воситаи сеҳр ба умеди тавонгарӣ, тандурустӣ озод шудан …

Муфассал »