Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИЛЛОТЕППА

ТИЛЛОТЕППА

ТИЛЛОТЕППА, маъбади асрҳои 11 —9 то мелод ва қабристони асри 1 то меллод— асри 1 мелод дар Афғонистони Шимолӣ —5 км шимолу ғарбтари шарқи Шибирғон. Солҳои 1969, 1977—79 аз тарафи бостоншиносони советӣ омӯхта шудааст.
Маъбад дар аввал аз ду толор — толори калон дар Шимол (зиёда аз 400 м2) ва толори ҳурд дар Ҷануб (тақрибан 100 м2) иборат буд. Болорҳои сақф дар толори калон ба нуҳ сутуни хишти хом ва дар толори хурд ба ҳамин гуна чор сутун такя мекарданд. Маъбадро басо мустаҳкам сохтаанд: деворҳои берунии он ғафс буда, аз ҳар тараф сетоӣ бурҷҳои мудаввар доранд. Дар девору бурҷҳо тиркашҳо ҳастанд. Дар маркази толори калон осори меҳроб ёфт шуд. Бино аз хишти хом ва похса бунёд гардидааст.
Дар асрҳои 8—7 то мелод дар толор деворҳои иловагӣ пайдо шуда онро ба якчанд хонаҳои нисбатан хурд тақсим кард ва бинои маъбад ба қаср табдил ёфт. Дар аҳди Ҳахоманишиён (асрҳои 6—5 то мелод) хонаҳо боз ҳам майдатар шуда, Тиллотеппа ба бинои иқоматӣ мубаддал гашт. Дар охири асри 5 то мелод мардум Тиллотеппаро тарк карданд ва он тадриҷан хароб гашта, намуди теппаро гирифт.
Дар асри 1 то мелод 800 м шимолу ғарбтари Тиллотеппа шаҳри калони кушонӣ, ки ҳоло онро аҳолии маҳаллӣ Эмчактеппа меномад, бунёд ёфт. Ҳокимони вилоят, ки қароргоҳашон ҳамин шаҳр буд, Тиллотеппаро қабристони сулолавӣ кардаанд.
Солҳои 1978—79 аз 6 қабри ҳафршуда тақрибан 20 ҳазор осори тиллоӣ ба даст омад. Аксари осор шоҳкориҳои санъати заргарист, Бозёфтҳои роҷеъ ба санъати заргарӣ, тасвирӣ, эпиграфика, урфу одат, дин, расму оини дафнкунӣ, ҷиҳатҳои этникии дафншудагон, оид ба сохти қабру тобути ониҳо, сохти либос, яроқ ва бисёр ҷиҳатҳои дигар маълумоти гаронбаҳо медиҳанд.
То ин дам олимон ақидае доштанд, ки ҳудуди Бохтар дар ибтидои милод ҷои ба ҳам омехташавӣ ва таъсиррасонии тамаддунҳои гуногун буд. Бозёфтҳои Тиллотеппа ин фикрро пурра тасдиқ мекунанд (нигаред давлати Кушониён). Мо дар осори Тиллотеппа унсурҳои маданияти Юнон, Рум, Ҳинд ва скифҳоро мебинем, ки дар аамлнаи анъанаҳои маҳаллӣ ба худ рангу оҳанги тозае гирифтаанд.
Тасвир дар саҳифаи 368—360.
Адабиёт: Пӯлодов Авроқи заррини таърих, «Саъдои Шарқ», N 12, 1979.
Ӯ. Пӯлодов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …