Маълумоти охирин

ТИЛОХ

ТИЛОХ, тилех (Охосhоrdа аldertii), як навъ буттаи худрӯест аз оилаи настараниҳо. Дар шароити табиӣ одатан 2—3 (баъзан то 6 м) қад мекашад. Баргаш нештаршакл (дарозиаш то 10 см, бараш 3 см), гулаш калон (диаметраш то 4 см), сафед, дуҷниса (6—10-тоӣ дар хӯшагул ҷой мегирад), мевааш гӯзамонанд (дарозиаш то 1,7 см, бараш 1,4 см). Тухмаш дорчинӣ (вазни 1000-тоаш 9,5 г); июл — август мепазад.
Тилох фақат дар ноҳияҳои қисми марказни Помиру Олои (1200—2400 м, аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Хоси маҳалҳои серрутубати ҷангалзори паҳнбарг аст. Тилохзорҳо асосан дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Қаротегин, ғарби Пётри 1 ва Дарвоз, ҷануби Ҳисор (ҳавзаи Қаротоғ ва Хонақоҳ) ҷой гирифтаанд. Тилох одатан бо чормағз, фарк, арча, сафедор ва ғайра ҳамроҳ месабзад.
Дар шароити табиии Помиру Олой аз тухм ва бо роҳи нашви (вегетативӣ) зиёд мешавад. Тухмаш одатан апрел неш мезанад. Хеле суст месабзад. Тилохи 2-сола 5—10 см, 9— 12- сола то 2 м, 20-сола то 3 м қад мекашад. Тилохи 60-сола низ вохӯрдааст. Дар парвардахона нисбатан тез месабзад. Дар табиат ҳар сол (апрел) гул мекунад; айёми гулшукуфташ то 20 рӯз (дар баландни 1200 м аз сатҳи баҳр).
Тилох буттаи хеле базеби ороишист (алалхусус дар давраи гулшукуфт).
Ҳоло онро дар боғу чорбоғҳои Москва, Ленинград, Киев, Минск Рига ва ғайра мепарваранд. Чалдин навъҳои боғии Тилох (f. makrantha, f grandiflora ва ғайра)-ро низ рӯёнидаанд. Дар Боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Тилохи 25-сола (қадаш 3—4,5 м) ҳаст. Дар шароити Душанбе аввалҳои моҳи март ба шукуфтан сар мекунад; айёми гулаш қариб 1 моҳ аст. Агар зимистоп гарм ояд, моҳи феврал (аз дигар буттаҳо хеле пеш) мешукуфад. Бо баргҳои реза ва гулҳои калон-калони худ ба ёси сафед монанд аст.
Адабиёт: Вознесенская Е. И., Волощук Ф. А., Темберг Я. Г., Листопадные породы, дар китоби: Деревья и кустарники для озеленение Таджикистана, Душанбе,
1965: Флора Таджикской ССР, том 4, Л.,
1975; Запрягаева В. И.. Лесные ресурсы Помиро-Алая, Л. 1978.
А. Ашӯров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …