Маълумоти охирин

ТИЛИСМ

ТИЛИСМ (арабӣ)» яке аз қадимтарин тасаввуроти афсонави ва амалиёти соҳириро гӯянд. Тилисм аввал дар Шарқ ба вуҷуд омада, сипас ба мамлакатҳои Ғарб густариш ёфтааст. Дар аҳди қадим коҳинон тилисмбандӣ мекарданд. Онҳо мӯътақид буданд, ки Тилисм ба мавқеи саёраҳо вобастагӣ дорад. Тилисмро ҳамчун воситаи сеҳр ба умеди тавонгарӣ, тандурустӣ озод шудан аз азобу машаққатҳоип он дунё ва ғайра медонистанд.
Тилисм дар ривоят, қиссаю достонҳои халқӣ хеле маъмул аст (масалан, хобидани аждаҳо дар болои хазинаю дафина, ба санг табдил ёфтани чилдухтарон ва ғайра). Қариб дар тамоми ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон сангҳое дучор меоянд, ки шабеҳи чӯпон бо рамаву сагаш, пиразан бо дегу танӯраш, ҷавонзан бо кӯдаку гаҳворааш, анбӯҳи одамон бо шутуру асп ва ғайра мебошапд. Бино ба ривоятҳои халқӣ, сангҳо гӯё дар вақташ одаму ҳайвоноти ҳақиқӣ будаанду барои наҷот ёфтан аз ҳуҷуми душманон ба воситаи Тилисм ба шаклҳои гуногун мубаддал гардидаанд.

tilism
Дар Тилисм ҳар як аломат, хат, хонача, рақам мавқеи хос дошт. Масалан, дар мураббаъҳои сеҳрноки нӯҳ ва шонздаҳхонадор (нигаред Квадрати сеҳрнок) умедҳои зиёди гуногун (тандурустӣ, беморӣ, рафъи заҳмат, афзунии зироат, ғарқ нашудан дар об, давлатмандӣ, пирӯзӣ дар ҷанг ва ғайра) ниҳон буд.
Тилисмкаш дар вақти чилланишинӣ ё навиштанл Тилисм бояд хомӯш нишаста аз мардум канорҷӯӣ ё гӯшанишинӣ мекард. Тилисм дар коғаз, чарму чӯб, сафол, сурбу биринҷӣ, нуқраю тилло, санги болои қабр, сару либос сабт ва дӯхта мешуд (масалан, Тилисме, ки аз сураҳои Қуръон ва номҳои худо дар либос дӯхта мешуд, дар музеи шаҳри Бухоро маҳфуз аст).
Тилисм чун соирӣ ва ҷодугарӣ хурофот асту бас.
О. Муродов, А. Маҳмадалиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …