Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТИР

tir

ТИР, афзори ҷангиест, ки аз чӯб сохта шуда, дар нӯгаш пайкон мешинонданд ва ба воситаи камон ба нишон мерасонданд. Баъди тараққӣ кардани яроқи оташфишонӣ гулӯлаҳои тӯпу туфангро низ Тир мегуфтагӣ шуданд. Иншооти спортиеро низ гӯянд, ки аз аслиҳаҳои пневматикӣ ба ҳадаф Тир мопаронанд.

Муфассал »

ТИПОМОРФИЗМИ МИНЕРАЛҲО

ТИПОМОРФИЗМИ МИНЕРАЛҲО, вобастагии гинетикии ҷиҳатҳои хос ва аломатҳои минералҳост (масалан, намуди зоҳирӣ, махсусиятҳои таркиби химиявӣ, баъзе хосиятҳои физикӣ ва ғайра). Типоморфизми минералҳоро барои муайяи кардани дараҷаи маъданнокии ҷинсҳои кӯҳӣ, ҷустуҷуи конҳои маъдан ва ғайра истифода мебаранд. Мафҳуми Типоморфизми минералҳоро соли 1931 А. Б. Ферсман дар минералогия чоп кардааст.

Муфассал »

ТИПОГРАФИЯ

typography

ТИПОГРАФИЯ (аз юнонӣ typos — нишона, пай ва …графия), муассисаи полиграфӣ, ки асосан маҳсулоти чопӣ мебарорад. Дар Типография чопи ранга ва чопи баланд истифода мешавад. Типографияҳои бузургро (яттифоқӣ ва республимавӣ), ки ду ё се навъи чоп доранд, комбинати полиграфӣ (масалан) комбинатҳои полиграфии Минск, Саратов, Калинин, Ярославл ва ғайра) меноманд. Агар …

Муфассал »

ТИПОЛОГИЯ

ТИПОЛОГИЯ (аз юнонӣ тип ва …логия), усулӣ илмиеро гуянд, ки ба тақсими систешаи объектҳо ва гурӯҳбандии онҳо бо ёрии модел ё типи ҷомеъ асос меёбад; бо мақсади омӯзиши муқоисавии муҳимтарин аломатҳо, робитаю муносибатҳо ва дараҷаҳои муташаккилии объектҳо истифода мешавад; тип, тасниф, систематика, таксономия шаклҳои асосии мантиқие мебошанд, ки Типология истифода …

Муфассал »

ТИП дар биология

ТИП дар биология (typus), навъ, 1) категорияи таксономии олӣ дар систематикаи ҳайвонот, ки синфҳои ба ҳам наздик (хеш)-ро муттаҳид мекунад, Соли 1812 Ж. Кюве ҳама ҳайвонотро ба чор «шоха» ҷудо намуд; баъдтар (соли 1825) зоолог ва анатоми франсавӣ А. Бленвил ин чор «шоха»-ро Тип номида, онро чун истилоҳ ба илм …

Муфассал »