Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТОДУА Магали Ареевич

ТОДУА Магали Ареевич (таваллуд 19. 1. 1927, Салхино, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Гурҷистон), шарқшинос-эроншиноси советии гурҷӣ. Асосан ба омӯзиши масъалаҳои равобити адабиёти форс-тоҷик ва гурҷӣ машғул аст. Зиёда аз 40 тадқиқот дорад. Ашъори лирикии Рӯдакӣ, гулчини шеърҳои шоирони форс-тоҷик ва осори Ҷалолуддини Румӣ дар тарҷумаи ӯ дастраси хонандагони гурҷӣ гардидаанд.

Муфассал »

ТОВУС

tovus

ТОВУС, мурғи биҳишт (Раvо), як навъ мурғи зебост аз оилаи тазарвиҳо. 2 намуди Товус (муқаррарӣ — Р. сristetus ва кабудбол — Р. muticus) маълум аст. Товуси муқаррарии нарина хеле хушранг аст; дарозии танаш 100—125 см, думаш 40—45 см. Парҳои болои думаш (калал), ки онҳоро иштибоҳан дум меҳисобанд, хеле дарозанд (120— …

Муфассал »

Ҷумҳурии Того

togo

ТОГО, Республикаи Того (Republicue Тоgolais), давлатест дар Африкаи Ғарбӣ. Масоҳаташ 56,6 ҳазор км\ Аҳолиаш қариб 2,8 млн нафар (1983); халқҳояш эве, кабре, мина, уачи ва ғайра. Забони расмӣ — франсавӣ. Аз се ду қисми диндорон бадину ояти маҳаллӣ, аз панҷ як қисмашон ба масеҳия ва боқимонда ба ислом эътиқод доранд. …

Муфассал »

Бурҷи ТОВУС

burjho

ТОВУС (лотинӣ Раvо), бурҷест дар Нимкураи ҷануби осмон. Қадри зоҳирии муниртарин ситорааш ба 2,0 баробар аст. Аз ҳудуди СССР намоёя нест. Нигаред низ Осмон.

Муфассал »

ТОВОНИ ҶАНГ

sys-hukuk

ТОВОНИ ҶАНГ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ, мувофиқи шартномаи сулҳ ё дигар актҳои байналхалқӣ ба давлати зарардида баргардондани товони зиёне, ки давлатҳои ҳуҷумкунанда ба он расондаанд. Ҳаҷм ва хусусияти Товони ҷанг мувофиқи зиёни моддӣ муайян мешавад. Нигаред низ Контрибуция.

Муфассал »