Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТОК – ангур

angur1

ТОК, ангур, раз (Vitiz), дарахти антур; ҷинси растаниҳои печон ва хазонрез аз оилаи токиҳо. Навдаҳои бисёрсолааш ғафс, навдаҳои яксолааш дароз (3—5 м), борик, сербанд мешаванд. Дар бандҳоя поёнии навда хӯшатул ва дар бандҳои болоӣ танобак ташаккул меёбад. Ток бо ёрии танобакҳояш ба дарахт ва хавоза мечаспад. Барги яклухт ё 3 …

Муфассал »

ТОЙ

toy

ТОЙ, ченаки калони борбандии ашёи хоми саноати бофандагӣ — пахта, пашм, латта ва ғайраро гӯянд. Шаклаш чоррӯя (баъзан силиндрӣ) аст. Барои арзон шудани боркашонӣ ва аз чангу намӣ муҳофизат намудани ашёи хомро дар дастгохҳои махсус Той мебанданд. Ҳаҷми Тойи пахта 0,3X0,59 м3, вазнаш аз 120 то 220 кг мешавад.

Муфассал »

ТОЙ – ҷавонаи асп

toy-asp

ТОЙ, ҷавонаи асп аз рӯзи тавлид то синни булуғ, ки дар аксари зоти аспҳои дар 3-солагӣ сар мешавад. Иикишофи батнии Той ба ҳисоби миёна 11 моҳ. Тойи навзод аз ҷиҳати сохти бадан аз аспи болиғ хеле фарқ дорад: дасту пояш дароз, танаш кӯтоҳу борик, сари дӯшаш паст. Вазни Тойи навзод …

Муфассал »

Ангури ТОИФӢ

angur

ТОИФӢ, ҳисорӣ, навъи ангури дерпазак. Селекцияи халқӣ. Хелҳои сафед ва гулобиаш мавҷуд мебошацд. Асосан дар районҳои водии Ҳисор, вилояти Ленинободи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Сурхондарё, Тошкент ва Ресспубликаи Автономи Совети Сотсиалистии Қароқалпоқистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон, инчунин районҳои токдории Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркманистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии …

Муфассал »

ТОИБИ ҲИРОТӢ

ТОИБИ ҲИРОТӢ (Соли таваллуд номаълум, Ҳирот — вафот 1676, Бухоро), шоири тоҷик. Соли 1667 аз зодгоҳаш ба Бухоро омада, ба хидмати Абдулазизхон (ҳукмронӣ 1645—80) дохил шуд. Дар маҷлисҳои дарбор ба овози хуш шеъри худ ва дигар шоиронро мохонд. Бо кӯшиши ӯ девон ва маснавии Нозими Ҳиротӣ — «Юсуф ва Зулайхо» …

Муфассал »