Маълумоти охирин
Главная / Биология / Ангури ТОИФӢ

Ангури ТОИФӢ

ТОИФӢ, ҳисорӣ, навъи ангури дерпазак. Селекцияи халқӣ. Хелҳои сафед ва гулобиаш мавҷуд мебошацд. Асосан дар районҳои водии Ҳисор, вилояти Ленинободи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Сурхондарё, Тошкент ва Ресспубликаи Автономи Совети Сотсиалистии Қароқалпоқистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон, инчунин районҳои токдории Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркманистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Озарбойҷон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Арманистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Қазоқистон низ маъмул аст. Токаш тезсабз, 18,5—48,7 %-и навдаҳояш ҳосилдеҳ.

angur

Баргаш миёнаи мудаввар (дарозиаш 13 — 16 см ва бараш 12,5—18 см), панҷпарра, калонхӯша (дарозиаш 17— 40 см ва бараш 12—24 см; вазнаш 450—700 ва баъзан 2500—6000 г). Донааш калон (дарозиаш 21—28 мм ва бараш 14—24 мм), байзашакл, сергӯшти ширин, пӯсташ ғафс, 1— 3 тухм дорад. Баъди пухтан сабзи сафедтоб (тарафи офтобрасаш гулобӣ) мешавад; 18—21% қанд, 3,7—5,5 г/л туршӣ дорад. Даври нашъаш 188—213 рӯз; май гул карда, июл-сентябр мепазад. Аз ҳар га андаряк 100—280 (баъзан 350 с) ҳосил мегиранд. Асосан барои тархӯрӣ, хушконидан ва корҳои селексионӣ истифода мебаранд. Тоифӣ аз ҷел ва антрокноз кам зарар мебинад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …