Маълумоти охирин
Главная / Биология / Ангури ТОИФИ

Ангури ТОИФИ

ТОИФИ, хисори, навъи ангури дерпазак. Селекцияи халки. Хелхои сафед ва гулобиаш мавчуд мебошацд. Асосан дар районхои водии Хисор, вилояти Ленинободи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон, вилоятхои Бухоро, Самарканд, Хоразм, Сурхондарё, Тошкент ва Ресспубликаи Автономи Совети Сотсиалистии Карокалпокистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон, инчунин районхои токдории Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркманистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Озарбойчон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Арманистон, Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Казокистон низ маъмул аст. Токаш тезсабз, 18,5—48,7 %-и навдахояш хосилдех.

angur

Баргаш миёнаи мудаввар (дарозиаш 13 — 16 см ва бараш 12,5—18 см), панчпарра, калонхуша (дарозиаш 17— 40 см ва бараш 12—24 см; вазнаш 450—700 ва баъзан 2500—6000 г). Донааш калон (дарозиаш 21—28 мм ва бараш 14—24 мм), байзашакл, сергушти ширин, пусташ гафс, 1— 3 тухм дорад. Баъди пухтан сабзи сафедтоб (тарафи офтобрасаш гулоби) мешавад; 18—21% канд, 3,7—5,5 г/л турши дорад. Даври нашъаш 188—213 руз; май гул карда, июл-сентябр мепазад. Аз хар га андаряк 100—280 (баъзан 350 с) хосил мегиранд. Асосан барои тархури, хушконидан ва корхои селексиони истифода мебаранд. Тоифи аз чел ва антрокноз кам зарар мебинад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …