Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТОКСОПЛАЗМОЗ

1177x892_0xd42ee42d_12348701021455189659

ТОКСОПЛАЗМОЗ, бемории паразитии одам ва ҳайвонот, ки токсоплазмаҳо ба вуҷуд меоранд. Манбаи сироят намудҳои гуногуни (бештар аз 180) ҳайвонҳои хонагӣ, ваҳшӣ ва паррандаҳо мебошанд. Одам бо Токсоплазмоз дар натиҷаи истеъмоли гӯшт ва тухми хом, ба пардаҳои луобӣ ё захми пӯст афтодани ангезанда ва ғизо гирифтор мешавад. Токсоплазмоз аксар вақт ба …

Муфассал »

ТОЛАНД Ҷон

ТОЛАНД (Тоland) Ҷон (30. 11. 1670, наздикии Лондондерри, Ирландияи Шимолӣ—41. 3. 1722, Патни, наздикии Лондон), файласуфи материалисти англис, атеист. Дар Университетҳои Глазго, Эдинбург, Лейден на Оксфорд маълумот гирифтааст. Дар асараш «Мактубҳо аз Серена» таълимоти ягонагии ҳаракат ва материяро инкишоф дод ва ғояи моддй будани кайҳони бекаронро тарафдорӣ кард. Афкори Толанд …

Муфассал »

ТОКСИКОЛОГИЯ

toxikology

ТОКСИКОЛОГИЯ (аз юнонӣ toxokon — заҳр ва ….логия), заҳршиносӣ, як қисмати тибро гӯянд, ки хосияти физикӣ ва химиявии заҳрҳо, таъсири онҳоро ба организм ва роҳҳои пешгирию муолиҷаи заҳролудиро меомӯзад. Токсикология заҳрҳои пайдоишашон гуногунро тадқиқ менамояд. Дар «Вандидод»-и Авесто оид ба заҳролудӣ, усулҳои муборизаи зидди ҳашарот, мор ва дигар ҷонварони заҳрнок …

Муфассал »

ТОКСИДЕРМИЯ

toksidermiya

ТОКСИДЕРМИЯ (аз юнонӣ (toxikon — заҳр ва … derma — пӯст), осеби пӯстро гӯянд, ки дар натиҷаи аз пӯст, узвҳои ҳозима, роҳҳои нафас, ва ғайра ба организм роҳ ёфтани моддаҳои химиявӣ (масалан, доруҳо) ё ғизоӣ ба вуҷуд ояд.

Муфассал »

ТОКСИКОЗ

toksioz

ТОКСИКОЗ (аз юн. (tохikon — заҳр, як навъ масмумият), ҳолати бемориест, ки дар натиҷаи ба организм таъсир намудани заҳрҳои беруна (экзогенӣ, масалан, микробҳо) ё моддаҳои зарарноки дар худи организм ҳосилшуда (масалан, ҳангоми токсикозҳои ҳомилагон, тиреотоксикоз) ба вуҷуд меояд. Токсикози ҳомилагон бемориест, ки дар организми зан ҳангоми ҳомилагӣ ё зоиш (баъзан) …

Муфассал »