Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТОСМОҲӢ

tosmohi

ТОСМОҲӢ, тосмоҳиҳо (Асipenseridae), як оилаи моҳиҳоро гӯянд. Дарозиашон то 9 м (ҳашинамоҳӣ). Тосмоҳиҳо 4 ҷинсанд (хашинамоҳӣ, тосмоҳӣ, белбинӣ ва белбиниҳои қалбакӣ). Тосмоҳӣ (Аcipenser) дар Тоҷикиотон 2 навъ Рseudockaphirhunchus kaufmani ва Р. fedtschenkoi аст. Р. Kaufmani дар дарёҳои Аму, Панҷ Вахш ва Қизилсу маскун шудаасг; дар 3—4 солагӣ болиғ шуда аз …

Муфассал »

ТОРФХОК

torf

ТОРФХОК, торфзамия, якнавъ хоки ботлоқзаминро гӯянд, ки дар натиҷаи бисёр будани боришот ва таъсири обҳои зеризаминӣ, норавон ва сустҷараён ташаккул меёбад. Торфхок дар ҷойҳое, ки набототи махсуси намипарвар мерӯянд, ҳосил мешавад.  

Муфассал »

ТОРФ

torf

ТОРФ (немисӣ Тогf), сарвати зеризаминии сӯзандаро гӯянд, ки дар ботлоқзор аз пусиши нопурраи растаниҳо ба вуҷуд омадааст. Таркибаш 50—60% карбон дорад. Ҳарорати сӯзишаш (макс.) 24 МҶ/кг. Торфро чун сӯаишворӣ, пору, масолеҳи изолясияи гармӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Муфассал »

ТОРТУҚ

ТОРТУҚ (туркӣ — ҳадя, тӯҳфа, пешкаш, новол), ҳадяест, ки ҳар сол ду бор ҳокимони вилоятҳо (беку мир ва ғайра) ба хон (амир) мефиристоданд: дар оғози баҳор (вақти саршавии киштукор) ва тирамоҳ, ки онро туқсон мегуфтанд. Дар охири ҳар соли шамсӣ, баъди ҷамъоварии хироҷ ва ҳисоботи ҳамаи амалдорон ҳокимони вилоятҳо ба …

Муфассал »

ТОРТАНАКҲО

tortanak

ТОРТАНАКҲО (Аranei), ҷонварони бандпойро гӯянд, ки ба тортанакшаклҳо мансубанд. Андозаашон аз 0,7 мм то 11 см; рангашон гуногун. Ҳамаи Тортанакҳо дар хушкӣ (ғайр аз Тортанакҳои обӣ) зиндагӣ карда, ҷонварони шабгард (фақат баъзеашон рӯзона фаъол) мебошанд. Чашмонаш (одатан 8-тоанд) фақат андоза ва ҳаракати чизҳоро фарқ мекунанд. Хӯрокашон ҳашарот ва дигар ҷонварони …

Муфассал »