Маълумоти охирин

ТОРТУҚ

ТОРТУҚ (туркӣ — ҳадя, тӯҳфа, пешкаш, новол), ҳадяест, ки ҳар сол ду бор ҳокимони вилоятҳо (беку мир ва ғайра) ба хон (амир) мефиристоданд: дар оғози баҳор (вақти саршавии киштукор) ва тирамоҳ, ки онро туқсон мегуфтанд. Дар охири ҳар соли шамсӣ, баъди ҷамъоварии хироҷ ва ҳисоботи ҳамаи амалдорон ҳокимони вилоятҳо ба амир (хон) талабнома фиристода дар он ҳаман хироҷи ҷамъшударо дақиқ баён намуда, вақти бурдани хироҷ ва Тортуқро мепурсиданд. Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …