Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТОРТАНАКҲО

ТОРТАНАКҲО

ТОРТАНАКҲО (Аranei), ҷонварони бандпойро гӯянд, ки ба тортанакшаклҳо мансубанд. Андозаашон аз 0,7 мм то 11 см; рангашон гуногун. Ҳамаи Тортанакҳо дар хушкӣ (ғайр аз Тортанакҳои обӣ) зиндагӣ карда, ҷонварони шабгард (фақат баъзеашон рӯзона фаъол) мебошанд. Чашмонаш (одатан 8-тоанд) фақат андоза ва ҳаракати чизҳоро фарқ мекунанд.

tortanak

Хӯрокашон ҳашарот ва дигар ҷонварони бемӯҳра. Тортанакҳо ҷонварони ҷудоҷинсаанд. Тортанакҳо қариб 21 ҳазор намуданд. Дар СССР қариб 2 ҳазор аз ҷумла дар Тоҷикистон 300 намуди Тортанакҳо (аз 32 оила) вомехӯранд. Аксари Тортанакҳо ширинчаи пахта, канаҳо, пашшаи безгак ва ғайраро нобуд мекунанд; баъзе Тортанакҳо (махсусан Тортанакҳои тропики) заҳрнок буда, барои ҳайвонот ва одам хатарноканд. Дар Тоҷикистон аз Тортанакҳои заҳрнок ғунда ва тарантул маълуманд, заҳри ғунда барои одам баъзан ҳалокатовар аст.
Тасвир дар саҳифаи 400—401.
Адабиёт: Иванов А. В., Пауки. Л., 1965; Андреева Е. М., Пауки Таджикистана, Душанбе, 1976. А. П. Кононенко.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …