Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УБАР

ubar

УБАР, убара, убра, паррандаест баробари мурғобӣ: рангаш зарду сиёҳ. Чарз ё ҳубара низ гӯянд.

Муфассал »

УБАЙДӢ

УБАЙДӢ тангаест, ки ба номи хони Бухоро Убайдуллоҳхони Шайбонӣ сикка зада мешуд.

Муфассал »

УБАЙДӢ

УБАЙДӢ Мавлоно Убайдуллоҳи Сӯҳравардӣ (1834, Маднопури Бангола—1884, Дакка), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар зодгоҳаш маълумоти ибтидоӣ гирифта, сипас мадрасаи олии Калкаттаро хатм кардааст. Муддате садри мадрасаи Дакка буд. Бештар ба забони форсӣ шеър мегуфт. Дар ашъораш ақидаҳои ҳаётдӯстӣ, зиддидинӣ, фалсафию ирфонӣ ва панду насиҳат мавқеи калон дорад. Девони Убайдӣ ғазалиёт, рубоиёт, …

Муфассал »

УБАЙДУЛЛОҲХОНИ ШАЙБОНӢ

УБАЙДУЛЛОҲХОНИ ШАЙБОНӢ Убайдуллоҳхон ибни Муҳаммад Султон (1495—1539, Бухоро), хони Бухоро аз сулолаи Шайбониён. Солҳои 1533 —39 ҳукмронӣ кардааст. Писари ҳокими Бухоро Муҳаммад Султон. Пас аз марги хони Самарқанд хутбаи хонии Бухоро бо номи Убайдуллоҳхони Шайбонӣ хонда шуд. Муаррихонро сахтгир зикр кардаанд. Бино ба маълумоти «Музаккир-ул-аҳбоб» Убайдуллоҳхони Шайбонӣ аксари вақти худро …

Муфассал »

УБАЙДУЛЛОҲХОН

УБАЙДУЛЛОҲХОН (соли таваллуд номаълум — вафот 1711, Бухоро), хони Бухоро аз сулолаи Аштархониён. Солҳои ҳукмрониаш 1702—11. Дар замони ӯ ба ривоҷи тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ диққати махсус дода мешуд. Соли 1708 ӯ ислоҳоти пул гузаронд, ки боиси норозигии аҳолӣ ва дар Бухоро сар задани шӯриш гардид. Чорабиниҳои Убайдуллоҳхон асосан ба …

Муфассал »